Рӯзи Президент иди миллии мост
Боиси сарфарозист, ки дар кишвари мо рӯзи 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президент ба феҳристи Рӯзҳои ид дохил гардида, минбаъд сокинони Тоҷикистон онро ҳамчун нишони арҷгузорӣ ба хизматҳои таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашн мегиранд.
Воқеан, таҷлил намудани Рӯзи Президент ҳам аз лиҳози сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати иҷтимоию таърихӣ барои миллати мо як амри зарурӣ маҳсуб меёбад.
Зеро, сарнавишти имрӯзаву ояндаи миллати мо ва низоми давлатдории навини тоҷикон бо номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқаи зич дорад. Эмомалӣ Раҳмон воқеан ҳам Асосгузори сулҳу ваҳдат ва Пешвои миллати тамаддунофарӣ мо мебошад.
Иҷлосияи ХVI – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйдоди воқеан таърихӣ мебошад. Зеро, маҳз дар ҳамин иҷлосия тақдири ояндаи давлати миллии тоҷикон тарҳрезӣ гардида, дар роҳи мустаҳкам намудани пояҳои давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон саҳми беандоза гузошт.
Мо бояд шукрона кунем, ки Худованд барои мо баъди беш аз ҳазор сол боз неъмати давлати соҳибистиқлолро насиб гардонид. Шукронаи неъматҳои истиқлол, ки имрӯзҳо халқи ободкору созанда ва меҳанпарвару меҳнатдӯсти мо дар рушди давлатдории миллӣ қадамҳои устувор гузошта, онро боз ҳам барои ҳосил кардани ваҳдати миллии комил, амнияту сулҳу субот, пешрафти иқтисодӣ ва ободиву шукуфоии ватани маҳбубамон қарзи шаҳрвандӣ ҳисоб мекунад.
Паямбари ислом (с) мефармоянд: “ҳуббул Ватани минал имон”, яъне дӯст доштани ватан аз имон аст. Яъне Ҳуббул-ватан ин муҳофизат кардани марзу буми Ватан аст. Хизмати шоиста бар Ватан-модар кардан аст. Ин садоқат ва ростӣ аст. Ин ободу гулгулшукуфо кардани Ватан аст. Маҳз ба хотири пойдорӣ, устуворӣ, бақо ва пешрафту гулгулшукуфоии ватанамон мо бояд аз сиёсату низом ва дастуроти Пешвои миллат ҷонибдорӣ кунем.
Мувофиқи таълимоти дини мубини ислом итоат ба Худо ва паямбару фармонравоён воҷиб аст. Шукрона кунем, ки Худованд бар мо Пешвои боадлу хирад ва одилро арзонӣ фармуд.
Сарвари давлат бо зиракии хеш дар як муддати кӯтоҳ Тоҷикистонро барои дидаи мардуми ҷаҳон, ҳамчун давлати тинҷу орому тараққикарда ва миллати тоҷикро сулҳпарвар ва меҳмондӯст муаррифӣ намуданд.
Дар робита ба дини мубини ислом, чи гуна таҳаммулпазир ва сулҳҷӯ будани он ва дифо аз шаъну шарафи он, аз минбари Созмони Миллали Муттаҳид ба тамоми ҷаҳон арза доштанд, ки террорист ватан, миллат ва дин надорад.
Роҳбари давлат дар дохили Байтуллоҳ даст ба дуо бардошта, дар ҳаққи ватану миллат дуои хайр карданд. Имоми Аъзам мефармоянд: Ба подшоҳ ва ҳокими вақт эҳтиром бигузор ва шахсияти ӯро бузург дор ва дар баъди вай дурӯғ нагӯ!
Президенти мо барои мардуми тоҷик Пешво, роҳбар ва мояи ифтихори миллат мебошанд. Таманно аз даргоҳи Худованд дорем, ки ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи Ватани маҳбубамонро абадӣ гардонад ва сарзамини биҳиштосои моро ҳамеша дар паноҳи офияташ нигоҳ дорад.
Имрӯз мардуми сарбаланди тоҷик бо шукргузорӣ аз даврони соҳибистиқлолӣ, дар фазои сулҳу дӯстӣ ва ваҳдати миллӣ дар таъмини сиёсати ватандӯстона ва бунёдкоронаи роҳбари давлат мухтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳмгузорӣ намуда, барои рушду нумуи Тоҷикистони азиз дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Шерализода Носиралӣ,
Мудири бахши молия ва хоҷагидорӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе