Бо ибтикори Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар утоқи корӣ бо пайвандону наздикони муҳоҷирони меҳнатии дар хориҷи кишвар қарор дошта, оид ба расмиятдарории ҳуҷҷатҳои будубош ва фаъолияти корӣ дар қаламрави Федератсияи Россия ва қонунҳои амалкунандаи он, вохӯрии судманд баргузор гардид.
Дар рафти суҳбат корманди бахши Хадамоти муҳоҷират Розиқов М., суханронӣ намуда, ҷиҳати тағйиру иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла ба диққати онҳо расонида шуд, ки ба қонунҳои федералӣ оид ба будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Россия тағйиру иловаҳо ворид гардида, аз 5 феврали соли 2025 эътибори қонунӣ пайдо мекунанд.
Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия низоми махсуси ихроҷ (депортатсия)-ро ҷорӣ намуда, ба “рӯйхати шахсони назоратшаванда” зиёда аз 120 ҳазор шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун қонунвайронкунанда ба қайд гирифта шудаанд.
Шаҳрвандоне, ки дар рӯйхат қарор доранд, бояд худро то 5 феврали соли 2025 ба мақомоти дахлдори муҳоҷирати ФР муроҷиат намуда, ба қайди қонунӣ гиранд ё қаламрави ин давлатро тарк намоянд. Дар сурати дар муҳлати муайяншуда ба қайди қонунӣ нагирифтан шаҳрванд ба рӯйхати шахсони ихроҷшаванда (депортатсия) ворид гардида, ҳуқуқи рафтан ба ин давлатро аз даст медиҳанд.
Агар шаҳрвандоне, ки дар руйхати мазкур қарор дошта бошанд ва ФР-ро бо хоҳиши худ тарк кардаанд, ихроҷ(депортатсия) шудаанд ё дар қаламрави Тоҷикистон ё дигар давлат қарор дошта бошанд, нусхаи шиносномаи хориҷии худро бо нишон додани муҳри убури сарҳад бо мақсади аз рӯйхати мазкур баровардан ба мақомоти муҳоҷирати ҷойи зисти худ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ пешниҳод намоянд.
Агар шумо дорои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия бошед ё қонунӣ фаъолияти меҳнати менамоед ва дар рӯйхат қарор доред, ҳатман нусхаи шиносномаи худро ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират пешниҳод намоед.
Барои муайян намудани вазъи ҳуқуқии худ аз сомонаҳои расмии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон mehnat.tj, саҳифаи телеграм t.me/mlmert, Хадамоти муҳоҷират migration.tj, Намояндагии Вазорат дар ФР оид ба муҳоҷират tajmigration.ru ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон vkd.tj истифода намоед.
Инчунин, дар вохӯрӣ ба ҳозирин, ҷиҳати шомил шудани ҷавонон ба ҳизбу ҳаркатҳои ифротӣ таъкид карда шуд, ки волидайн бояд барои фарзандон намунаи ибрат бошанд, зеро оила аввалин ва муҳимтарин муҳити тарбиявӣ барои фарзандон аст. Тасвири эътиқоди дуруст, рушди хислатҳои ҳимоякунанда ва шинохти арзишҳои умумӣ метавонад боиси пешгирии рафтори ифротӣ шаванд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд