Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд ҷиҳати пурзур намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ байни муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи омодагии муҳоҷирон пеш аз сафар, ҳамарӯза дар “Истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Хуҷанд” бо муҳоҷирони меҳнатӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ, гузаронида истодаанд.
Кормандони масъули Раёсат дар рафти вохӯрӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ, дар бораи қонунгузориҳои нави Федератсияи Россия вобаста ба муҳоҷират суханронӣ намуда, таъкид намуданд, ки қисми зиёди шаҳрвандони мо аз сабаби надонистани қонунҳои кишвари қабулкунанда, яъне надонистани забон, надоштани касбу ҳунар дар муҳоҷирати меҳнатӣ ба мушкилиҳои зиёд дучор шуда, дар охир фирефтаи ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб мегарданд ё ин, ки аз қаламрави Федератсияи Россия берун карда мешаванд.
Ҳамзамон, ба диққати шаҳрвандони ҷумҳурӣ – сокинони вилоят расонида шуд, ки ба қонунҳои федералӣ оид ба будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Россия тағйиру иловаҳо ворид гардида, аз 5 феврали соли 2025 эътибори қонунӣ пайдо менамояд.
Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия низоми махсуси ихроҷ (депортатсия)-ро ҷорӣ намуда, ба “рӯйхати шахсони назоратшаванда” зиёда аз 120 ҳазор шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун қонунвайронкунанда ба қайд гирифта шудаанд.
Иброз гардид, шаҳрвандоне, ки дар рӯйхат қарор доранд, бояд худро то 5 феврали соли 2025 ба мақомоти дахлдори муҳоҷирати Федератсияи Россия муроҷиат намуда, ба қайди қонунӣ гиранд ё қаламрави ин давлатро тарк намоянд.
Дар сурати дар муҳлати муайяншуда ба қайди қонунӣ нагирифтан шаҳрванд ба рӯйхати шахсони ихроҷшаванда (депортатсия) ворид гардида, ҳуқуқи рафтан ба ин давлатро аз даст медиҳад.
Агар шаҳрвандоне, ки дар руйхати мазкур қарор дошта бошанд ва ФР-ро бо хоҳиши худ тарк кардаанд, ихроҷ (депортатсия) шудаанд ё дар қаламрави Тоҷикистон ё дигар давлат қарор дошта бошанд, нусхаи шиносномаи хориҷии худро бо нишон додани муҳри убури сарҳад бо мақсади аз рӯйхати мазкур баровардан ба мақомоти муҳоҷирати ҷойи зисти худ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ пешниҳод намоянд.
Инчунин, агар шумо дорои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия бошед ё қонунӣ фаъолияти меҳнати менамоед ва дар рӯйхат қарор доред, ҳатман нусхаи шиносномаи худро ба Намояндагии Вазорат дар ФР оид ба муҳоҷират пешниҳод намоед.
Барои муайян намудани вазъи ҳуқуқии худ аз сомонаҳои расмии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон mehnat.tj, саҳифаи телеграм t.me/mlmert, Хадамоти муҳоҷират migration.tj, Намояндагии Вазорат дар ФР оид ба муҳоҷират tajmigration.ru ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон vkd.tj истифода намоед.
Дар рафти вохӯрӣ аз ҷониби масъулин ба муҳоҷирони меҳнатӣ варақаҳои иттилоотӣ вобаста ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ тақсим карда шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд