Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризм ва экстремизмро вазифаи меҳварии худ қарор дода, таъмини амнияти миллӣ ва ҷаҳониро бо тамоми кишварҳои олам масъалагузорӣ мекунад.
Ҷиҳати ҳалли ин муаммо ҳамкориҳои муштаракро бо дигар кишварҳо тақвият бахшида, дар ин самт мунтазам баромад мекунад. Бегумон ҳадафҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳифзи асосҳои сохтори конститутсионӣ, тамомияти арзии давлат, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти ҷамъиятӣ, ҳифзи аҳолӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз таҳдидҳои экстремистӣ ва террористӣ иборат мебошанд.
Лозим ба тазаккур аст, ки ифротгароӣ дар миқёси ҷаҳон бениҳоят рушд ёфта, хатари калони ҷамъиятӣ дорад ва барои бехатарии давлат ва минтақа воқеан таҳдид менамояд.
Мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм қисми таркибии таъмини амнияти на танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.
Мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, ки вақтҳои охир хусусияти байналмилалӣ гирифтааст, бояд дар асоси тадбирҳои маҷмӯии умумидавлатии муқовимат анҷом дода шавад.
Созишномаҳои байналмилалиро ба асос гирифта, бояд бо дигар давлатҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсуси онҳо, инчунин созмонҳои байналмилалӣ, ки вазифаашон аз мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) иборат аст, ҳамкории самарабахш анҷом дода шавад.
Бояд аз таҷрибаи байналмилалӣ ҷиҳати мубориза бо чунин зуҳурот васеъ истифода намуд, механизми ҳамоҳанги муқовимат ба терроризм ва экстремизми байналмилалиро таъсис дод ва дар ин замина ҳама гуна роҳҳои қочоқи яроқ, маводи тарканда дар дохили кишвар ва роҳҳои воридоти онҳоро аз хориҷа ба таври эътимоднок баст.
Терроризм як масъалаи фаромиллӣ ва фаромарзӣ низ мебошад. Дар гузашта баъзеҳо гумон мекарданд, ки терроризм сарчашмаи иқтисодӣ ва равонӣ дорад.
Ин маънои онро дорад, ки мардуми фақир ва ё инзиво ба гурӯҳи террористӣ мепайванданд, аммо таҳқиқи дақиқтар нишон медиҳад, ки ин фарзия беэътибор аст. Гап дар сари он аст, ки аксари ифротгароӣ дар Ховари Миёна ҳуввият ва решаи мазҳабӣ дорад.
Дар канори баҳсҳои умумии беохир миёни сиёсатмадорон ин ду мушкилоти ба ҳам алоқаманд, яъне терроризм ва экстремизм натиҷаи бесамарии вазъи кунунии байналмилалӣ ва бахусус таҳаввулоти ахир аст.
Ин ду мушкилот на танҳо дар як минтақаи муайяни ҷаҳон ҳастанд ва на хоси як дини муайян. Инчунин, онро танҳо дар доираи як минтақаи мушаххас ё бо такя ба техникаи низомӣ ҳал кардан мумкин нест.
Воқеияти мушаххас ва зиштиҳои имрӯза моро водор мекунад, ки ин чолишҳоро бо чашми комилан боз мавриди омӯзиш қарор диҳем. Акнун бояд ба ҳама маълум бошад, ки муборизаи муассир ва муваффақ бо ин ду зуҳуроти номатлуб бархӯрди ҳамаҷониба ва стратегияи бисёрсоҳаро тақозо мекунад, ки пеш аз ҳама ба дарки бошууронаи шароити иҷтимоӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ, ки онҳо ба як ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтаанд, вобаста аст.
Ҷиҳати ҷилавгирӣ аз созмонҳои террористии ифротӣ ва дар ниҳояти кор аз байн бурдани онҳо, ки тақозои рӯзмарра аст, бояд ҳама бо тамоми донишу имконоташ зидди он мубориза барад. Имрӯз дар бораи чолишҳои ваҳшатноки ин зуҳурот ва пешгирии паҳншавии он ва то ҳадди имкон решакан кардани он зиёд гуфта мешавад.
Новобаста аз он, ки кишварҳои мухталиф нисбат ба ин зуҳуроти номатлуб чӣ гуна мавқеъ доранд ва ё моҳияти сиёсати расмии кишварҳои мухталиф нисбат ба онҳо чӣ гуна аст, ҷомеаи ҷаҳонӣ як эътиқоди муштарак дорад, ки ин мушкилот бояд зудтар ва ба таври муассир ҳал карда шавад.
Дар ин замина пешниҳоди навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи тавассути қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» пешиниҳоди ниҳоят пазируфтанӣ ва саривақтӣ буда, итминон дорем, ки барои гирифтани пеши роҳи терроризму экстремизм хеле мусоидат мекунад.
Наботов Насим,
Сармутахассиси шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе