15 ноябри соли ҷорӣ дар толори Хадамоти муҳоҷират бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 32-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ бо иштироки роҳбарият ва кормандон ҷаласаи тантанавӣ доир гардид.
Нахуст, Сардори Хадамоти муҳоҷират Нодирзода Иматшо сухани ифтитоҳӣ намуда, ҳозиринро шодбошӣ намуд.
Ӯ иброз дошт, ки ҷашн гирифтани Рӯзи Президент дар мамлакатҳои гуногуни ҷаҳон собиқаю таърихи хеле қадим дорад ва имрӯз дар як қатор давлатҳо чунин рӯз бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҳамчун ид таҷлил карда мешавад.
Парлумони Тоҷикистон соли 2016 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” илова ворид кард, ки дар асоси он 16-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Ин муқаррарот бо дарназардошти саҳми шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини кишвар, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ сурат гирифтааст.
Маҳз дар иҷлосияи такдирсози мазкур муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби намояндагони мардуми ҷумҳурӣ ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, ҳамзамон ба он кас ваколати Сардори давлат дода шуд.
Ба уҳдаи Сардори давлат таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор гардид. Сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат назми ҷомеаро ба вуҷуд оварда, мардумро ба ояндаи дурахшон бовар кунонид.
Таъкид шуд, ки дар ҳақиқат Иҷлосияи 16 Шӯрои Олӣ барои давлату миллати тоҷик сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад. Зеро нақши ин Иҷлосияи таърихӣ дар интихоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, барқарор намудани сулҳу субот, раҳоӣ аз буҳрони сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоии мамлакат бузургу беназир мебошад.
Созандагию хирадмандӣ ва меҳанпарастии Сарвари давлат бояд намунаи ибрати насли ҷавон бошад. Ҳар як ҷавон бояд ба монанди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳисси ватандӯстиву ватанпарастии худро дар назди Миллат, Ватан ва Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои ободиву осоиштагии диёри азизамон бо кору пайкори созанда собит намояд.
Таҷлили Рӯзи Президент рамзи садоқат ва вафодорӣ ба Ватан, Президент ва миллат буда, нишонаи шукргузорӣ аз озодиву соҳибихтиёрӣ ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои давлатдориву соҳибистиқлолӣ арзёбӣ мегардад.
Мо – кормандони Хадамоти муҳоҷират низ Рӯзи Президентро бо самимияту эҳтиром ҳамчун рӯзи адолату демократикунонии ҷомеа истиқбол намуда, тамоми дастовардҳои замони идоракунии президентиро ба истиқлоли давлатӣ ва иқдомҳои неки Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста медонем.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират