Бо ибтикори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Панҷакент дар маркази шаҳр, бо муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо, инчунин бо фурӯшандагони бозори марказӣ, чорабинии иттилоотӣ – маърифатӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур кормандони шуъба, ҷиҳати пешгирии падидаҳои номатлуби иҷтимоӣ миёни ҷавонон, хусусан шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, эмин нигоҳ доштани шаҳрвандон аз хатару таҳдидҳои терроризм ва экстремизм, соҳибкасб намудани занону бонувони хонашин ва аз муҳоҷират ба ватан баргашта, бо мақсади паст намудани шиддати муҳоҷират дар байни занон, пешгирии савдои одамон, одамрабоӣ (қочоқи инсон) дар хориҷи кишвар, пешгирӣ аз омилҳои номатлуби нашъамандию нашъаҷаллобӣ ва пешгирии зуроварӣ дар оила, пешгирӣ аз омилҳои номатлуби коррупсионӣ низ баромадҳо аз ҷониби кормандони шуъба ба шаҳрвандон ироа гардид.
Ҳамзамон, қайд гардид, ки созмонҳои экстремистию террористӣ ҷиҳати ба сафҳои худ ҷалб намудани ҷавонон, аз ҷумла тавассути ҷустуҷӯи аъзои нав бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолияти густурдаи ташвиқотию тарғиботӣ мебаранд. Дар робита ба ин Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои ниҳодӣ, фарогир ва маҷмӯи пешгирӣ, ошкор, рафъ ва қатъ намудани зуҳуроти экстремизм ва терроризмро қабул ва амалӣ менамояд.
Ҳамчунин дар рафти чорабинӣ вобаста ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии умумишаҳрвандӣ ва риояи қоидаҳои будубош аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатӣ дар давлати қабулкунанда, суханронӣ карда, ба иштирокдорон варақаҳои иттилоотӣ – маърифатӣ тақсим карда шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд