Кормандони дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират ва зерсохтори он дар ҳамбастагӣ бо Созмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ) дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе” ҷиҳати пурзур намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ байни муҳоҷирони меҳнатӣ, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи омодагии онҳо пеш аз сафар, корҳои фаҳмондадиҳиро пурзур намуда истодаанд.
Дар рафти суҳбат бо муҳоҷирон масъалаҳои тарзи фаъолияти меҳнатӣ, дуруст пур кардани корти муҳоҷират, тартиби расман гирифтани иҷозатнома (патент), муҳлати иҷозатнома, тарзи дароз намудани муҳлати иҷозатнома, арзиши он, гузаштани муоинаи тиббӣ, гирифтани полиси суғуртавӣ, сертификат оид ба донистани забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории Федератсияи Россия, тартиби дар қайди ҷойи истиқомат гузоштани шаҳрвандони хориҷа, тарзи бастани шартномаи меҳнатӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корфармо ва коргар фаҳмонида шуд.
Аз ҷумла, қайд карданд, ки дар ҳолати зарур набудан ба қаламрави Федератсияи Россия сафар накунанд, инчунин доир ба истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ якчанд дастур доданд, ки тариқи телефонҳои мобилӣ низ ба гурӯҳҳое, ки оиди дуруст ё нодуруст буданаш маълумот надоранд шинос нашаванд ва фирефтаи нафарони бадхоҳ ва душманони миллат нагарданд.
Ҳамзамон, ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки бинобар сабаби расонаӣ гардидани “Рӯйхати шаҳрвандони назоратшаванда”, ҳаракати қаллобон ҷиҳати ба манфиати худ истифода намудани ин ҳолат ва дарёфти маблағи муфт аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ зиёд гардидааст.
Вобаста ба ин, аз тамоми шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки ба миёноравон муроҷиат накарда, танҳо ба намояндаҳои расмии Тоҷикистон дар ватан ва Федератсияи Россия муроҷиат намоянд.
Бояд қайд кард, ки расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ ҷиҳати муайян намудани вазъи будубоши шаҳрвандон аз ҷониби намояндаҳо ройгон мебошад.
Барои муайян намудани вазъи ҳуқуқии худ аз сомонаҳои расмии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон mehnat.tj, саҳифаи телеграм t.me/mlmert, Хадамоти муҳоҷират migration.tj, Намояндагии Вазорат дар ФР оид ба муҳоҷират prmstj@mail.ru истифода намоед.
Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки яке аз самтҳои фаъолияти кормандони дастгоҳи марказӣ Хадамоти муҳоҷират ва зерсохторҳои он ин бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ, кумак ба онҳо ба ҳисоб рафта, бо ин мақсад ҳамарӯза дар фурудгоҳҳо, истгоҳи роҳи оҳан ва нақлиёти мусофирбар байни муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, дастурҳои муфид медиҳанд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират