Кормандони масъули Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон якҷоя бо МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Бохтар дар “Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар” бо муҳоҷирони меҳнатие, ки ба Федератсияи Россия барои фаъолияти меҳнатӣ сафар менамоянд корҳои фаҳмондадиҳиро роҳандозӣ намуда, дастурҳои муфид медиҳанд.
Бояд тазаккур дод, ки мақсад аз бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ин пеш аз ҳама ба шаҳрвандон додани тавсияҳо ҳангоми фаъолияти меҳнатӣ дар кишварҳои хориҷа мебошад.
Аз ҷумла, донистани ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ аз тағйиру иловаҳо дар қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, будубоши шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар давлати номбурда, омодагӣ пеш аз сафар, тартиби дурусти ҳуҷҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар, доштани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи касбӣ, тарзи гирифтани патент ва бастани шартномаи меҳнатӣ бо корфармо, пешгирии шомил шудани ҷавонону шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, экстремизм ва терроризм маслиҳатҳои муфид дода, даъват ба амал оварда шуд, ки дар дохил ва хориҷи кишвар бояд ҳар як фарди ҷомеаи имрӯза барои решакан намудани ин зуҳуроти номатлуб мубориза барад.
Ҳамзамон ба саҳми муҳоҷирони меҳнатӣ расонида шуд, ки дар хориҷи кишвар худро аз таъсири ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои террористию эктремистӣ, рӯ овардан ба фарҳанги бегона, таълимоти ғайриқонунии динӣ ва дигар гурӯҳҳои ҷинояткор дар канор гирифтан зарур аст, зеро гурӯҳу созмонҳои экстремистию террористӣ омодаанд, ки ҳар нафари ҷамъияти имрӯзаро тариқи даъватҳои таблиғотӣ, истифода аз паёмакҳои телефонӣ, саҳифаҳои иҷтимоии интернетӣ, шабакаҳои интернетӣ, одноклассник, фейсбук ва дигар сомонаҳо бо ташвиқоту ваъдаҳои бардурӯғ ҷалб намуда, ба сафҳои худ шомил намоянд.
Бо назардошти ин ба ҳозирин таъкид гардид, ки дар мавриди дучор омадан ба чунин ҳолатҳо эҳтиёткориро аз даст надода, кӯшиш намоед мушкилоти худро дар мақомотҳои дахлдори қудратии Федератсияи Россия ё Сафорату Консулгариҳо ва Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати қарордошта ҳамкорӣ намуда ҳал намоед.
Дар анҷоми вохӯрӣ ба саволҳои сершумори муҳоҷирони меҳнатӣ ҷавобҳои қаноатбахш дода шуда, ба як қатор шаҳрвандон варақаҳои иттилоотӣ – маърифатӣ, буклетҳои роҳнамоии Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳоҷирати бехатар, тундгаро, эктремист ва террорист киҳоянд ва дар кадом ҳолатҳо шахс ба ҷавобгарӣ кашида мешавад тақсим гардида, ба муҳоҷирони меҳнатии ба ватан баргашта, барои дарёфти ҷои кор бо музди меҳнати арзанда дар ширкатҳои бузурги дохили кишвар, тавсияҳои муфид дода шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон