Таърих гувоҳ аст, ки дар мӯҳлати начандон калон халқи тоҷик тавонист ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардад. Шукрона аз он дорем, ки тақдири халқу миллат ба дўши абармарди фозилу доно, оқилу дурандеш Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афтодааст.
Дар солҳои сарварии ӯ мардуми Тоҷикистон меваи соҳибдавлатиро пас аз ҳазор сол чашид. Соҳибихтиёрӣ моро водор сохт, ки созандаю ободкор бошем. Ба ин нигоҳ накарда баъзе ҳизбу ҳаракатҳо бо амалҳои ғайриқонунии худ тинҷию оромии ватанамонро халалдор месозанд ва нияти сиёҳ кардани авзои сиёсии Тоҷикистонро доранд. Мисоли онҳо Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), мебошад.
Аз гуфтаҳои собиқ намояндагони он бармеояд, ки мақсадаш на ҳифзи ҳуқуқи мусалмонон, балки резонидани обрӯи онҳо мебошад. Ҳар як ҳизб новобаста ба сохтору ақоиди сиёсиаш дар назди худ як вазифа мегузорад, ки он соҳиби мансаб шудан мебошад. Баъди ба сари ҳокимият омадан аъзоёни ҳар як ҳизб кӯшиш мекунанд, сохтори давлатиро мувофиқи низоми худашон ба роҳ монанд.
Дар натиҷаи ҷанги бемаънии бародаркуш зиёда 150000 ҳазор нафар шаҳрванди Тоҷикистон ҷони худро аз даст додаанд. Мардуми зиёди қисмати ҷануби Тоҷикистон ба Афғонистони ҷангзада аз тарси ҷон ва номуси зану фарзандҳояшон фирор карданд. Хушбахтона бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурезаҳо ба Ватан баргардонида шуда, дар Тоҷикистон сулҳу субот ва оромӣ танинандоз гашт. Онҳо хабар надоранд, ки ҳоло вазъияти сиёсии Тоҷикистон ҳамчун солҳои 90-уми асри гузашта набуда, балки сокинони кишвар атрофи сарвари арзандаи худ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъ омада, ҳаёти оромонаю осудаҳолона мебаранд, ки гарави баланд шудани некўаҳволии халқи азияткашидаи тоҷик шуда истодааст.
Имрӯзҳо кишвари мо ба марҳилаи созандагию бунёдкорӣ далерона қадам ниҳодааст. Тоҷикистони бузург имрўз дарахти пурсамареро мемонад, ки меваҳои рангинаш мардуми бонангашро дар ҷаҳон машҳур гардонидааст.
Ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ ҳушёриро аз даст надода, бояд нагузорад, ки минбаъд ягон шахс фирефтаи доми душманони миллат дар дохил ва беруни кишвар нагардад. Дар замони муосир, тарбияи насли ояндасоз аз мо, зиёиён, омӯзгорон ва тарбиятгарон боз ҳам масъулияти ҷиддиро тақозо менамояд. Мо бояд ба ҳар як насли наврас дар самти тарбия бо алоҳидагӣ корбарӣ намуда, онҳоро дар руҳияи хештаншиносӣ, ватандӯстӣ ва пос доштани дастовардҳои Истиқлолияти миллӣ тарбия намоем.
Тошмухамедова Шаҳноза,
Сармутахассиси Раёсати ҳуқуқ, кадр ва корҳои махсуси Хадамоти муҳоҷират