Бо ташаббуси бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар Ҷамоати деҳоти ба номи Иван – Тоҷик деҳаи Рогиф бо сокинон ва муҳоҷирони ба ватан баргашта, вохӯрии судманд баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ масъулин ба сокинони деҳа оид ба рафти иҷрои нуқтаҳои Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат ба Маҷлиси Олии кишвар, оиди “Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” марҳилаи яккум (солҳои 2022-2025), терроризм ва экстремизм, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ба халқу миллати мо бегона, инчунин оиди тағйиру иловаҳо ба Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзиму анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ва таълимоти ғайри расмии динӣ ва пушидани сару либоси ба мардуми мо бегона, вохӯрии судманд анҷом дода шуд.
Дар вохӯри кормандони бахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ сухан намуда, сокинони деҳаро даъват карданд, ки дар самти бартараф намудани ин зуҳуроти номатлуб бетараф набошанд. Таъкид гардид, ки коррупсия дар замони муосир мушкилоти ҷаҳонӣ гардида, самаранокии мубориза бо он аз иштироки фаъолонаи ҳар шаҳрванд вобастагӣ дорад.
Ҳамзамон, ба ноҳияҳои қабулкунанда сафарбар намудани муҳоҷирони дохилӣ ва экологӣ барои оғоз ва идома додани корҳои сохтмонии хонаҳои истиқоматиашон андешаронӣ карда шуда, таъкид гардид, ки ҳарчи зудтар корҳои сохтмониро ба итмом расонида ба маҳалли навӣ зисташон кучида раванд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд