Бо ташаббуси шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ВМКБ дар якҷоягӣ бо МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагӣ пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” ва МД “Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷи кишвар” дар шаҳри Хоруғ дар ноҳияи Роштқала вохӯрии судманд бо фаъолон, муҳоҷирони ба ватан бозгашта ва аъзои оилаи онҳо баргузор намуданд.
Дар рафти вохӯрӣ баромадкунандагон, ба таври саҳеҳ вобаста ба рафти корҳои мавсимӣ дар Федератсияи Россия, давлатҳои хориҷа, баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ дар бораи муҳоҷирати бехатар маълумот доданд.
Ҳадафи асосии гузаронидани чорабинӣ ин огоҳ намудани шаҳрвандон дар бораи ҷанбаҳои муҳими қонунгузории муҳоҷират, пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ, саривақт тарк намудани кишвари будубош баъд аз анҷоми муҳлати раводид ва хатарҳои эҳтимолии вобаста ба муҳоҷират мебошад.
Ҳамзамон дар вохӯрӣ бо сокинон дар бораи муҳоҷирати бехатар, ҳангоми муҳоҷират вохӯрдан бо шахсони фиребгар, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои муҳоҷирон, ҳамкорӣ бо шуъбаи Хадамоти муҳоҷират ва МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Хоруғ, гузаштан аз муоинаи тиббӣ пеш аз муҳоҷират ва ташаккули малакаҳои касбӣ пешниҳод гардид.
Дар рафти суҳбат ба шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ, доир ба тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати номбурда, омодагӣ пеш аз сафар, бақайдгирӣ, ҳуҷҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди Сертификат оид ба донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар (тарзи супоридани имтиҳонҳо), доштани касби мувофиқ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, корти муҳоҷирӣ, дар қайди муҳоҷирӣ истодан, гирифтани Патент, тартиби дар қайди ҷойи истиқомат гузоштани шаҳрвандони хориҷа, тарзи бастани шартномаи меҳнатӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корфармо ва коргар фаҳмонида шуд.
Аз ҷумла, қайд карданд, ки дар ҳолати зарур набудан ба қаламрави Федератсияи Россия сафар накунанд, инчунин доир ба истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ якчанд дастур доданд, ки тариқи телефонҳои мобилӣ низ ба гурӯҳҳое, ки оиди дуруст ё нодуруст буданаш маълумот надоранд шинос нашаванд ва фирефтаи нафарони бадхоҳ ва душманони миллат нагарданд.
Ҳамзамон, ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки бинобар сабаби расонаӣ гардидани “Рӯйхати шаҳрвандони назоратшаванда”, ҳаракати қаллобон ҷиҳати ба манфиати худ истифода намудани ин ҳолат ва дарёфти маблағи муфт аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ зиёд гардидааст.
Вобаста ба ин, аз тамоми шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки ба миёнаравон муроҷиат накарда, танҳо ба намояндагиҳои расмии Тоҷикистон дар ватан ва Федератсияи Россия муроҷиат намоянд.
Бояд қайд кард, ки расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ ҷиҳати муайян намудани вазъи будубоши шаҳрвандон аз ҷониби намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ройгон мебошад.
Барои муайян намудани вазъи ҳуқуқии худ аз сомонаҳои расмии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон mehnat.tj, саҳифаи телеграм t.me/mlmert, Хадамоти муҳоҷират migration.tj, Намояндагии Вазорат дар ФР оид ба муҳоҷират prmstj@mail.ru истифода намоед.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ба ҳар як сокинони ноҳия дастурамали мухтасар оиди муҳоҷирати меҳнатӣ буклетҳо, варақаҳои иттилоотӣ -маърифатӣ тақсим карда шуд.
Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ВМКБ