Бо ташаббуси шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хоруғ дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз чорабинии иттилоотӣ – маърифатӣ дар мавзӯӣ баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, муҳоҷирати меҳнатии бехатар, пешгирӣ шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ – экстремистӣ ва талаботҳои қонунгузории нави Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират баргузор карда шуд.
Дар чорабинии мазкур сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хоруғ Каниев Мулкамон баромад намуда, иброз дошт, ки мавзӯи вохӯрии имрӯза бармаҳал ва саривақтӣ буда, ҳар фарди ватан, аз ҷумла ҷавонону муҳоҷирони меҳнатиро мебояд аз ҳуқуқҳои худ огоҳ буда, дар партави сиёсати Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми созандаро пеша гирифта, ба ҳар гуна фиребу найранг ва ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ руй наоваранд.
Ба маълумоти иштирокдорон расонида шуд, ки вазъи ноороми ҷахони имрӯза нигаронкунанда буда, вобаста ба мустаҳкам намудани пойдории истиқлолияти давлатии Ҷумҳурӣ соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии мамлакат эълон гардид.
Ҳамзамон, ӯ вобаста ба тадбирҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумхурии Тоҷикистон дар самти татбиқи «Стратегияи танзими равандҳои муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” маълумот дода, нуқтаҳои муҳими муҳоҷирати меҳнатии бехатарро ба саҳми ҳозирин расонид. Қайд карда шуд, ки барои фаъолияти меҳнатӣ дар кишварҳои хориҷа, аз ҷумла Федератсияи Россия ҳар як шаҳрванд пеш аз сафар бояд тавакалона не, балки бояд донад ба куҷо, пеши ки рафта истода, касби муайяне дошта бошад, забони давлатии қабулкунандаро ҳадди ақал бо тарзи муошират донад, аз ҳуқуқҳои худ бохабар бошад ва қонунҳои амалкунандаи кишвари иқоматро риоя намояд, ки ҳангоми фаолияти корӣ муваффақ гардад.
Вобаста ба дуруст омодагӣ гирифтан ба муҳоҷирати меҳнатии бехатар ва шарту талаботи давлатҳои қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатӣ равона гардида, тавсия дод, ки барои дарёфти ҷойи кор дар давлатҳои хориҷа аз хизматрасониҳо ва машваратҳои Муассисаи давлатии “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар дохили кишвар ва шуъбаҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят истифода баранд.
Инчунин, аз ҷониби иштирокдорон вобаста ба касбомӯзӣ, сафар намудан ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба давлатҳои Аврупо ба корҳои мавсимӣ саволҳои бешумор дода шуда, баромадкунанда бо ҷавобҳои мушаххас талаботи онҳоро қонеъ гардонид.
Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ВМКБ