Санаи 10 январ дар толори маҷлисгоҳи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси Шурои Хадамоти муҳоҷират оид ба ҷамъбасти фаолияти соли 2024 ва вазифаҳои минбаъда барои соли 2025 баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нодирӣ Шаҳноза Анвар, сардори Хадамоти муҳоҷират Нодирзода Иматшо, муовинони Сардори Хадамот, инчунин сардорон ва муовинони раёсатҳо, шуъбаҳо ва сохторҳои зертобеи он дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, директорони МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ВМКБ иштирок намуданд.
Аз натиҷаи фаъолияти соли сипаришуда муовини якуми Сардори Хадамоти муҳоҷират Шарифзода Маҳмадсалим Пир иттилоъ дода қайд карданд, ки Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро тибқи муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”, қонуни Ҷумҳуриии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷират» аз 11 декабри соли 1999, №881, қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” аз 22 июни соли 2023, №1968, “Стратегияи танзими равандҳои муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2040”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2023, №309 тасдиқ гардидааст, фармоишҳо ва дастурҳои вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Хадамоти муҳоҷират вобаста ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ба роҳ монда, дар давраи ҳисоботӣ як қатор корҳоро ба сомон расонид.
Ӯ иброз намуд, ки Хадамоти муҳоҷират бо мақсади таъмини иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Стратегияи танзими равандҳои муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 барои солҳои 2023-2025 ва такмил додани низоми омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ маркази муосири омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатиро аз таъмири асосӣ бароварда омода намояд. Ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Стратегияи танзими равандҳои муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” бояд қайд кард, ки тибқи супориши вазорат, Нақшаи чорабиниҳои Хадамоти муҳоҷират оид ба амалисозии марҳилаи якум барои солҳои 2023-2025-и Стратегияи болозикр омода гардида аз 24 июли соли 2023, № 39 бо фармоиши сардори Хадамоти муҳоҷират тасдиқ гардида дар соли 2024 ду маротиба 7 май ва 7 ноябри соли 2024 Ҷаласаи Шурои ҷамъиятии назди Хадамоти муҳоҷират оид ба масъалаҳои муҳоҷират ва иҷрои бандҳои Стратегияи танзими равандҳои муҳоҷират гузаронида шуд.Нақша-чорабиниҳои мазкур аз 57 банд иборат буда, барои иҷрои онҳо саривақт ба ҳамаи кормандони дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират ва сохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ супориш дода шуд.
Иҷрои бандҳои Стратегияи мазкур таҳти назорати Хадамоти муҳоҷират қарор дорад. Стратегияи мазкур санади ягонаи меъёрии ҳуқуқӣ мебошад, зеро бори аввал дар амалия дар доираи як Стратегияи муҳоҷират ҳамаи намудҳои муҳоҷирати аҳолӣ, ки қонунӣ дар қаламрави як кишвар ба амал бароварда мешаванд, баррасӣ мегарданд. Оид ба моҳият, ҳадаф ва вазифаҳои Стратегияи мазкур мунтазам машғулиятҳо ва семинарҳо гузаронида мешавад.
Бояд қайд кард, ки солҳои охир бо мақсади тақвияти ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ, истифодаи самараноки қувваи корӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва татбиқи сиёсати диверсификатсияи (гуногунсамтии) муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа бо як қатор давлатҳои хориҷӣ созишномаҳои марбутаи ҳамкорӣ баста шуданд. Аз ҷумла, 3 феврали соли 2019 Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба танзими қувваи корӣ ба имзо расонида шуд. Созишномаи мазкур аз 2 апрели соли 2020 эътибор пайдо намуда, тибқи нақшаи корӣ 18 ноябри соли 2020 ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории муштарак оид ба амалӣ намудани созишнома тавассути мулоқоти маҷозӣ баргузор гардид. Ҳамзамон, 6 феврали соли 2023 Вазири меҳнати Давлати Қатар ҷиҳати дар амал татбиқ намудани созишномаи болозикр ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. Мулоқот бо Вазири меҳнати Давлати Қатар таҳти роҳбарии Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа доир гардид, ки дар он масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷират, мусоидат ба рушди муносибатҳои дуҷониба байни Хадамоти муҳоҷират, Муассисаҳои давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии муҳоҷирони меҳнатӣ пеш аз сафар» дар шаҳри Душанбе, «Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа» ва Вазорати меҳнати Давлати Қатар баррасӣ гардиданд.
Ҳамзамон, 10 декабри соли ҷори дар бинои Хадамот бо иштироки муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулини МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе, МД “Агентии бо кортаъминкунӣ дар хориҷи кишвар”, Ширкатҳои интиқолдиҳандаи хусусӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати Ал Ҷасури Давлати Қатар ҳамоиш баргузор гардид. Зимни он масъалаи сафарбар намудани қувваи кории меҳнатӣ ба Давлати Қатар баррасӣ гардид. Дар натиҷа иштирокчиёни чорабинии мазкур омодагии худро ҷиҳати ҷоннок намудани масъалаи сафарбар намудани қувваи корӣ ба Давлати Қатар иброз намуданд.
Сипас, ҳисоботи сардорони раёсатҳои Хадамоти муҳоҷират дар ВМКБ, Суғду Хатлон, инчунин шуъбаву бахшҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва директорони Марказҳои машваратӣ оид ба фаолияти солона ва камбудиҳои ҷойдошта шунида шуд.
Дар фарҷоми ҷаласа муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нодирӣ Шаҳноза Анвар дар бораи мушкилот ва ҳалли проблемаҳои ҷойдошта дар самти муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла, Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия низоми махсуси ихроҷ (депортатсия)-ро ҷорӣ намуда, ба “рӯйхати шахсони назоратшаванда” ки 124 ҳазор нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун қонунвайронкунанда ба қайд гирифта шудаанд баромад намуда, иброз намуд, ки дар муддати кӯтоҳтарин шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар руйхат шомиланд муайян ва ба қайд гирифта шаванд. Инчунин, вобаста ба омӯзиши бозори меҳнати хориҷа, беҳтар намудани фаъолияти Марказҳои машваратӣ, ҷоннок намудани кор бо ширкатҳои интиқоли муҳоҷирони меҳнатӣ, ташкили курсҳои тахассусӣ, интизоми меҳнат ва дигар супоришҳои мушаххас аз ҷониби муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират