Дар замони муосир баҳри пешбурди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ мавқеи ҷавонон нақши муҳимро мебозад, зеро 70 фисади ҷомеаи Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд. Дар ҳақиқат ҷавонон дорои зеҳни тозаю созанда, маҳорати бузурги эҷодкорӣ ва қобилияти корӣ мебошанд, ки фаъолияти истеҳсолии онҳо дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа мусбат арзёбӣ карда мешавад.
Ҷавонони ҳар кишвар сармояи муҳимтарин нерўи он миллат ба ҳисоб мераванд, ки агар ин нерў ба хубӣ парвариш дода шавад, оянда метавонад ҳосил ва натиҷаи хубе барои он миллат ва кишвар бошад. Дар кишвари мо низ имрӯзҳо аз ҷониби ҷавонон корҳои назаррас дар соҳаҳои хоҷагии халқ ба роҳ монда шудааст, аз ҷумла дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, иқтисодиёт, сохтмон, нақлиёт, хизматрасонӣ, варзиш, сайёҳӣ, алоқа, ҳифзи ҳуқуқ ва ғайра.
Бешубҳа гуфтан мумкин аст, ки имрўзҳо ҷавонони кишвар ҳамчун қувваи бузурги созандаву эҷодкор эътироф шудаанд. Дар ин радиф ҷавонон метавонанд барои пешрафти Тоҷикистон дар самтҳои мухталифи хоҷагии халқ саҳми арзандаи хешро гузоранд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки пешбурди фаъолияти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқро бе ҷавонон тасаввур кардан ғайриимкон аст, зеро тамоми корҳо ва чорабиниҳои илмӣ, фарҳангӣ, оммавӣ ва сиёсие, ки дар ҷумҳурӣ гузаронида мешавад, маҳз бо дастгирӣ ва иштироки фаъолонаи ҷавонон ташкил ва баргузор мегардад.
Ҷавонони имрўза, яъне насли замони истиқлол аз наслҳои пешина бо савияи илму дониш, маърифату ҷаҳонбинӣ, сатҳи тафаккур ва одобу ахлоқ фарқи куллӣ доранд.
Дар шароити муосир ҷавонон бо иродаи қавӣ дар конфронсҳо, ҳамоишҳо, олимпиадаҳо ва ғайра, ки дар дохиливу хориҷи кишвар гузаронида мешавад, бо дониши волои худ муаррифгари Ватани азиз буда, парчами Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон боло бардошта истодаанд.
Боиси ташвиш аст, ки имрўз олами ислом ба қатлу қитол, талаву тороҷ, ваҳшонияту даҳшат гирифтор шудааст ва аҷибтар аз ҳама он аст, ки тамоми корҳои ғайришаръӣ, балки аъмоли куфр аз номи дини мубини ислом анҷом дода мешавад.
Ҳамаи ин воқеаву рўйдодҳо ҳақиқатеро таъкид менамоянд, ки мушкилоти аср ва таҳдидҳои нав ба тамаддуни башарӣ мунтазам афзоиш ёфта, амнияти давлатҳои хурду бузурги олам ва ҳатто тақдири тамоми аҳли башарро ба хатари ҷиддӣ рўбарў сохтаанд. Ин ҳодисаҳо бори дигар исбот намуданд, ки терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст. Ин зуҳуроти фалокатбор ҳеч умумияте ба дин, аз ҷумла дини мубини ислом надорад ва бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу ғаразноки сиёсӣ содир карда мешавад. Терроризм ва экстремизм яке аз проблемаҳои асосии имрўза буда, махсусан ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурўғи динию дунявӣ ҷалб намуда, онҳоро ба ҷараёнҳои террористӣ сафарбар менамоянд.
Дар ин ҷода ҳар ҷо ҷавонон бояд ҳисси баланди миллӣ нисбат ба Ватани худ дошта бошанд. Бо Ватан, миллату давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳушёрию зиракиро аз даст надода, ҳамеша барои пешрафти давлатамон саҳмгузор бошанд.
Ҳукумати Тоҷикистон татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавононро аз рўзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти хеш қарор дода, кӯшиш ба харҷ дорад, ки бояд ҷавонони бо нангу номуси миллат имрӯз ташаббусҳои созандаи худро пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои Истиқлолиятро ҳифз намоянд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвари азизи худ бо дасту дили гарм ва нерўи бунёдкорона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя намуда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддаси хеш бошанд.
Бобоназарзода Санавбар,
Сардори шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе