Мардуми Тоҷикистон ба бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявӣ шурӯъ намуда, ин ҳадафҳоро ҳамчун дурнамои пешрафти ҳаёти ҷомеа ва давлат медонад. Бо дарки ин ҳадафҳо халқи мо ба самти рушд қадамҳои устувор гузошта, барои амалишавии онҳо тадбирҳо меандешад.
Роҳе, ки халқи Тоҷикистон интихоб намудааст, бо назардошти суннату анъанаҳои давлатдории миллӣ, арзишҳои ахлоқию иҷтимоӣ ва фарҳангию маънавии халқи тоҷик зиндагии осоишта доранд. Лекин, ин дастовардҳоро нодида гирифта, роҳбарон ва аъзои ТТЭ ҲНИ боз ба сӯи кишвари худ тӯхмат мекунанду бӯҳтон мезананд. Валекин намедонанд, ки мардуми кишвар, хусусан ҷавонон дигар фирефтаи хабару овозаҳои хоинони Ватан намешаванд.
Ин тоифа тайёр аст, танҳо бо супориши хӯҷаин овоз барорад зери садои нақораи хуҷаинаш рақс кунад. Ақли ин ашхос гирифтори дарди норозигии тоқатнопазир ва вобастагӣ аз хоҷаҳои хориҷии худ гаштааст.
Инон бояд донанд, ки пешравии Тоҷикистон устувор аст, нерӯи асосии рушди кишвари моро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ҳоло дар кишвар фаъолияти созмонҳои ҷавонон ҳамчун шакли самараноки ҷалби нерӯи пешбарандаи ҷомеа ба корҳои созандагию бунёкорӣ, хайрия ва эҳсонкорӣ шоёни таваҷҷӯҳи хоса аст. Худ мешуд, ин нафарон худро аз бандагии гумону алам озод кунаду қамари ҳиммат барои ободии кишвар баста, ақалан як ниҳоле баҳри ободии Ватан шинонад, баҳри ободию баланд бардоштани нуфузи Тоҷикистон саҳм гузоранд.
Лекин муҳим он аст, ки ҷавонони мо – ҳамчун нерӯи асосии пешрафти ҷомеа фирефтаи дурӯягону мунофиқон нашуда, арзишҳои иҷтимоии миллӣ, фарҳанг, санъату адабиёт ва забон, илму маърифат, одоб, ахлоқу рафтор, таълиму тарбия ва дигар арзишҳои маънавиро таҳким бахшанд, ки инъикосгари симои миллати мо мебошанд.
Муттаҳидӣ, якдилӣ, худогоҳӣ, худшиносӣ ва дорои фарҳанги ғании маънавӣ будани аҳли ҷомеа, хусусан ҷавонон қодир аст, ки таъсири ҳар гуна зуҳуроти таҳрибкориро, ки ба нооромӣ, бесарусомон сохтани ҳаёти осоишта нигаронида шудаанд, пешгирӣ ва бартараф намояд.
Борониева Сакина, Мутахассиси пешбари шуъбаи қабул ва маслиҳатдиҳӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе