Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номаи муборак ва ҳидояткунанда ба унвони миллат ва ҷомеаи мост, ки мардуми соҳибмаънии Тоҷикистонро ба самти пирӯзиву нусратҳо роҳнамоӣ мекунад.
Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат дар худ дастовардҳои ҳамаи соҳаҳоро таҷассум карда, нақшаву вазифаҳо барои соли 2025-ро муайян намуд, ки ин баҳри пешрафти соҳаи иқтисодию иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум равона карда шудааст.
Солҳои 2025-2030 ҳамчун “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон гардиданд. Ин иқдом бозгӯи таваҷҷуҳи махсуси давлат ба масъалаи рушди технологияи иттилоотӣ, рақамикунонӣ ва истифодаи имкониятҳои инноватсионӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа мебошад. Бо боварӣ метавон гуфт, ки Паёми имсоларо низ чун ҳамасола мардуми кишвар бесаброна интизор буданд ва дастаҷамъонаи ба тамошо пардохта, ҳар як нуқтаи онро дар зеҳни худ ҷой доданд. Воқеан ҳам, Паёми Сарвари Давлат ҳамчун барномаи мушаххаси рушди минбаъдаи тамоми соҳаҳои хоҷагии мамлакат мебошад ва онро метавон чун дастури рӯимизӣ ба сифати роҳнамо истифода бурд.
Таҳлили Паёми имсола ҳамчун дастури созанда нишон медиҳад, ки дар маркази сиёсати Пешвои муаззами миллат маҳз беҳбудии вазъи зиндагии мардум, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, таъмини рушди бардавоми иқтисодию иҷтимоии кишвар, эҳёву тақвияти фарҳангу арзишҳо ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини суботи амнияти мамлакат қарор гирифтааст.
Ҳар яки мо сокинони мамлакат суханони Сарвари сулҳофаринамонро сармашқи кори худ намуда, дар поянда нигоҳ доштани рӯзгори босаодати ва рушду нумӯи Ватани азизамон Тоҷикистони биҳиштосо нақши муассири худро мегузорем.
Бобоназарзода Санавбар,
Сардори шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе