Ҳодисаҳои террористии сентябри соли 2001 ҷаҳони муосирро ба ларза даровард. Тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ барои пешгирӣ ва несту нобуд сохтани он омодагии худро баён намуданд, лекин муттаҳидии онҳо на ба он дараҷае мебошад, ки вазъияти имрўза талаб менамояд. Дар баробари ин бархе аз давлатҳо дар масъалаи мубориза бо терроризму экстремизм сиёсати дурӯягиро пеша намуда, ин гурӯҳҳоро ба манфиати худ истифода менамоянд. Маҳз сиёсати дурӯягии бархе аз давлатҳо боиси он гаштааст, ки ин муаммои байналхалқӣ торафт зиёд шуда истодааст, ки боиси ҳодисаҳои террористию экстремистии нав гаштаанд.
Имрӯзҳо баръало мушоҳида мешавад, ки бархе аз давлатҳо алалхусус, давлатҳои абарқудрати ҷаҳон бар хилофи меъёрҳои мавҷудбудаи байналхалқӣ амал намуда, барои амалӣ намудани манфиатҳои геополитикии худ аз ҳама воситаҳои мавҷуд буда истифода менамоянд. Чунин амалҳои онҳо таҳдиду хатарҳои навро дар ҷаҳони муосир боис шудаанд. Ин вазъият боз ҷаҳони имрўзаро ба вартаи «ҷанги сард» оварда расонидааст. Соли равон дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид.
Идомаи минбаъдаи ин ҳолат метавонад боиси амиқ гардидани таҳдиду хатарҳои сиёсиву иқтисодӣ, амниятӣ ва башариву фарҳангӣ дар минтақаҳои гуногуни олам гардад.
Вазъияти имрӯзаи Афғонистон, Ироқ, Ливия, Сирия, Украина, Яман ва дигар минтақаҳое, ки дар онҳо ҷангу низоъҳо рафта истодаанд гуфтаҳои болоро исбот мекунанд. Дар ин кишварҳои номбаршуда вазъият торафт мураккабу пурпечутоб шуда истодааст. Ҳоло он ки дар якҷоягӣ метавон ин муаммоҳои ҷойдоштаро дар як муддати кутоҳ ҳал намоянд.
Ба маротиб афзудани истеҳсоли маводи мухаддир дар Афғонистон, торафт яроқнок гаштани гурўҳҳои террористию экстремистӣ, ки доимо бо лавозимотҳои ҷангӣ, яроқи оташфишон таъмин мебошанд. Ҳоло он, ки на ҳама давлатҳо имконият доранд, ки барои артиши худ лавозимоти ҷангиро дар бозори ҷаҳонӣ харидорӣ намоянд. Барои пешгирӣ ва несту нобуд кардани маводи мухаддир ва фурӯши ғайриқонунии лавозимоти ҷангӣ агар мақсад ягона бошад на онқадар душвор мебошад.
Мутассифона имрўзҳо низ давлатҳои алоҳида барои амалӣ намудани манфиатҳои геополитикии худ ба корҳои дохилидавлатии давлатҳои дигар дахолат намуда, вазъияти мураккаби мавҷудбударо аз будаш ҳам бадтар мекунанд. Инро мо дар мисоли кишварамон, ки солҳои 1992 бо дастгирию дахолати беруна сар задани ҷанги шаҳрвандӣ гуфта метавонем. Бо вуҷуди пешгирии ҷанги шаҳрвандӣ ва расидан ба ваҳдати миллӣ имрӯзҳо низ дахолати бархе аз давлатҳо тавассути ёрӣ расонидан ва зери қаноти худ гирифтани ҳар гуна гурўҳу ҳизбу ҳаракатҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба руйхати гурўҳҳои террористию экстремистӣ дохил карда шудаанд, дидан мумкин аст.
Дар чунин шароити пуртазод пеш аз ҳама, ҳар як шаҳрванди ба нангу номуси миллат бояд манфиатҳои давлату миллатро дар мадди аввал гузорад на манфиатҳои шахсии худро. Танҳо бо нишон додани муттаҳидӣ ва ваҳдати ягона мо метавонем аз ҳама муаммоҳои замони муосир худро пешгирӣ намоем.
Дар арсаи байналхалқӣ низ бояд давлатҳо барои ҳалли муаммоҳои ҷойдоштаи байналхалқӣ дастаҷамъона бояд мубориза бурд.
Хайридинзода Исфандиёр,
Сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон