Санаи 20 январи соли равон Сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нодирзода Иматшо роҳбари ширкати русиягӣ ООО «Ваш персонал 50» Ветров Денис Геннадьевичро ба ҳузур пазируфт.
Сараввал Сардори Хадамоти муҳоҷират Нодирзода Иматшо оид ба фаъолияти Хадамоти муҳоҷират ва зерсохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо, аз ҷумла, дар бораи фаъолияти МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Хоруғ маълумоти мухтассар пешниҳод намуд.
Дар рафти мулоқот Сардори Хадамот дар бораи раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, вазъи бехатарӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар ФР, вазъият ва дурнамои муҳоҷират, касбомӯзии муҳоҷирон, донистани забонҳои хориҷӣ, инчунин ҷалби муҳоҷирони ба ватан бозгашта ба бозори меҳнат андешаронӣ намуд.
Дар навбати худ роҳабри ширкати русиягӣ ООО «Ваш персонал 50» Ветро Денис Геннадьевич иброз дошт, ки ҳадаф аз сафари мазкур – муташаккилона сафарбарнамудани муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони ҷумҳурӣ барои фаъолияти меҳнатӣ дар шаҳри Москва ва вилояти Москва мебошад. Инчунин, қайд кард, ки пеш аз сафар ҳар як шаҳрванд бояд сертификати забони русӣ, изи ангушти даст ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда дошта бошад. Ҳамзамон, роҳбари ширкати мазкур омодааст ду синфхонаро дар бинои нав пурра бо таҷҳизоташ ва омӯхтани забони русиро маблағгузорӣ намояд.
Дар фарҷоми мулоқот Тарафҳо омодагии худро баҳри тақвият ва густариши ҳамкориҳои минбаъда баён доштанд.
Сипас, роҳбари ширкати мазкур аз фаъолияти МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Бохтар дидан намуд. Вохӯрӣ дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум баргузор гардид.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират