Ҳанўз моҳи январи соли 2020 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба экстремизм” ба тасвиб расида буд. Дар қонун экстремизм ҳамчун ифодаи мафкура ва фаъолияти экстремистие, ки барои бо роҳи зўроварӣ ва амалҳои дигари зиддиқонунӣ ҳал намудани масъалаҳои сиёсӣ, ҷамъиятӣ, иҷтимоӣ, миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва динӣ (мазҳабӣ) равона карда шудааст, маънидод мегардад.
Ҳамчунин, фаъолияти экстремистӣ гуфта, фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё динӣ, воситаҳои ахбори омма ё ташкилотҳои дигар, аз ҷумла созмонҳои байналмилалӣ ва шахсони воқеӣ оид ба банақшагирӣ, ташкил, тайёр кардан ва иҷрои амалҳое, ки ба содир кардани фаъолияти экстремистӣ, ноустувор сохтани амнияти миллӣ ва қобилияти мудофиавии давлат, инчунин даъвати оммавӣ ҷиҳати бо роҳи зўроварӣ ғасб намудани ҳокимияти давлатӣ ё бо роҳи зўроварӣ тағйир додани сохтори конститутсионӣ ва ҳаракатҳое, ки ба барангехтани кинаву адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ё динӣ (мазҳабӣ) равона шудаанд, маънидод шудааст.
Бо дарки ин гуфтаҳо бояд донист, ки вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем.
Зеро пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд.
Дар ҷаҳони имрўза мамлакате нест, ки аз таъсири гурӯҳҳои террористӣ дар ҷаҳон нигарон набошад.Солҳои охир амалиёти террористию экстремистӣ тамоми ҷаҳонро фарогир шуда, ҳамчун вабои аср аз таъсири яроқу аслиҳа ҳам тавонотар гаштааст.
Ҳарчанд кишвари офтобрўяи мо имрўз пешрафтаву шукуфон гаштааст, аммо ҳастанд нафароне, ки ҳаёти хуррами халқи тоҷикро дида наметавонанд. Мо имрўз вазифадорем, ки барои тинҷию осудагии мардум, ягонагиву муттаҳидии ваҳдати бо талоши ҷон ба дастомада мубориза барем ва нагузорем, ки миллату давлати моро хоҷагони зархарид паст зананд. Ҳамеша дар талоши он бошем, ки муваффақиятҳои худро ҳифз намоем, насли хештаншиносу бофарҳанг, инсондўсту бонанг тарбия намоем.
Додихудоева Дилафрӯз,
Мутахассиси пешбари бахши молия ва хоҷагидорӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе