Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ҷаббор Расулов мувофики ҷадвали баргузории корҳои иттилоотӣ-фаҳмондадиҳӣ якҷоя бо шуьбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва КИ ҲХДТ дар ноҳия дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бо сокинон вохӯрии судманд баргузор намуданд.
Чунин як вохӯрии судманд дар Ҷамоати шаҳраки Меҳнатободи ноҳия доир ба муҳтавои Паёми навбатии Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ки санаи 28-уми декабри соли ҷорӣ баргузор шуда буд, ”Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Чумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, пешгирии шомилшавии ҷавонон, хусусан муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пешгирии холатҳои коррупсионӣ, баланд бардоштани ҳисси худшиносию худогоҳӣ, бурдани корҳои фаҳмонададиҳӣ дар байни ҷавонон ба ватандӯстию хештаншиносӣ, хизмат ба Модар Ватан, бо ҷойи кор ҷалб намудани муҳоҷирони мехнатие, ки воридшавиашон ба Федератсияи Россия манъ шудааст, суханронӣ намуданд.
Аз руи масъалаҳои болозикршуда иштирокдорон фикру ақидаҳои худро баён намуданд.
Дар рафти суханронӣ мудири бахши Хадамоти мухочират оид ба масалахои мубрами рӯз, яъне терроризм ва экстремизм дар замони мо, ки пур аз таззод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, доир ба афзудан ва густариши экстремизму терроризм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо зиёд ҳарф мезананд ва менависанд. Маънои аслии «экстремизм» чист ва он чӣ гуна падида аст? Экстремизм – (аз калимаи франсузии «ехtrеmismе» ва лотинии «eхtrеmus») гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштан аст. Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон – дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд.
Бояд тазаккур дод, ки чунин чорабиниҳо дар дигар ҷамоат ва маҳаллаҳои ноҳия дар назар аст.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд