Дар шароити иқтисодиёти бозоргонӣ мардуми мамлакат дар фазои ободу озод кору фаъолият дорад. Дар навбати худ таъкид намудан ҷоиз аст, ки ба ҳамин рӯзҳо ба шарофати меҳнати созандаву бунёдкорона ноил шуда истодаем. Ин шароити хубу фароҳам ва ободиро аз самараи меҳнати ҳалоли мардуми мамлакат дар асоси ин тинҷу оромии кишварро дида мешавад. Вале имрӯз дар байни ҷомеаи мо низ душманони миллат вуҷуд доранд, ки онҳо бо истифода аз соддагии мардум мехоҳанд мамлакати моро ноором созанд.
Ба ин мисоли оддӣ як гурӯҳ роҳгумкардагони тоҷик дар давлатҳои Аврупо мебошад. Ин паймони миллие, ки таъсис дода шудааст, террористӣ буда, ғояхои ғаразнокро ба тафаккури мардум ворид карданист. Бинобар ин, дар мақоли халқӣ омадааст “бори каҷ ба манзил нахоҳад расид”. Яъне, ақидаҳои ғалати ин шахсиятҳо ба зери чоҳ афтида худ шармандаву гурезаи берун аз давлат хоҳад монд.
Бо фаъолияти хоинона ҳар як аъзои гурӯҳ имрӯз ба сӯи зодгоҳи худ санг мепартояд ва ба бадном намудани мардуми тоҷик машғул мебошад, то ҳол дарки он накардааст, ки баръакс ӯ худ ва авлоди худро ба доми бадбахтӣ гирифтор сохта истодааст. Зеро фардо баҳри пайдо намудани мавқеи худ дар ҷомеа насли ояндаи чунин авлод ҷиҳати манфӣ муаррифӣ гардида, ҳамчун зодаи оилаи хоинҳо шинохта мешавад.
Дар навбати худ таъкид ҷоиз аст, ки мардуми Тоҷикистон ҳеч гоҳ ба дасисаву тӯҳматҳои ин душманони миллат, Паймони миллӣ бовар накарда, ҳамеша муқобили инҳо баромад хоҳад кард. Бар муқобили гурӯҳҳои ифротӣ дастҷамъона мубориза мебарем.
Озодбекова Ситора,
Сармутахассиси бахши робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷират