Душманони бенангу номуси ватан, ифротгароён аз мулки бегона истода ба миллати мо неш мезананд. Магар онҳо худ фикр намекунанд, замоне онҳо худ нону оши ин сарзаминро хӯрдаанду дар ҳамин сарзамин ба воя расидаанд.
Асосаш он аст, ки онон имрӯз ба бозичаи дасти хоҷагони хориҷиашон табдил шудаанду барои маблағи ночизе сӯи ватани худ сангпартоӣ мекунанд. Онон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ мехоханд байни мардум иғвобарангезӣ намоянд. Вале имрӯз мардуми тоҷик чехраи аслии ин тоифаро шинохтааст. Ва ба дасисахои чунин ашхос дода намешаванд. Мо бар зидди чунин ифротгароён ва хоинони ватан мустаҳкаму муттаҳид мегардем ва ягон душман моро шикаст дода наметавонад. Зеро мардуми тоҷик иродаи қавию дили поку беғаш дорад.
Мо зиёиён тарафдори онем, ки доимо дар ҷомеа парчами сулҳу ваҳдат парафшон ва сарҷамъии мардуми босаодат пойдор бошад. Худо кунад, ки дар дили хоинони миллат ғурури инсонӣ, раҳму шавқат, худотарсӣ, виҷдони пок, ваҳдати миллӣ, маърифати пок, таҳкими сулҳу ваҳдат пайдо гардад.
Шоиброҳимзода Ҳабиба,
Сармутахассиси Раёсати муҳоҷирати меҳнатӣ Хадамоти муҳоҷират