Воқеан ҳам иттиҳоди миллӣ ва дастаҷамъии мардуми кишвари маҳбубамон Тоҷикистон неъмати бузург аст, ки тамоми пешрафту комёбиҳои давлат ва саодати рӯзгори халқи тоҷик аз он ибтидо мегирад. Мо миллати хушбахтем, ки соҳиби истиқлолияти давлатӣ ҳастем ва дар чунин ватани ободу биҳиштосо, ки сулҳу амонӣ пойдор аст, зиндагӣ дорем.
Албатта, асоси пешрафти давлат ва обрӯю нуфузи он аз халқу миллати башардӯсту бофарҳанг вобастагӣ дорад, зеро дар ҳар давру замон инсон ҳамчун меҳвари ҳама гуна тағйирот дар ҷомеаи башарӣ нақш бозидааст. Бо вуҷуди он, ки Тоҷикистони азиз бо бузургону номбардорони худ машҳур аст, имрӯз баъзе аз нохалафон шаъну шарафи номи тоҷикро бо ҳадафҳои нопоки худ паст мезананд.
Яке аз масъалаҳои мубраму ташвишовари ҷаҳони имрӯза терроризм ва экстремизм мебошад, ки ҳамчун зуҳуроти номатлуби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор рафта, боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш, таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, таҷовуз ба ҳаёти инсон ва нобуд кардани ҳокимият гардидааст.
Бояд тазаккур дод, ки созмонҳои террористиву экстремистӣ амалҳои таҷовузкоронаи худро дар пайвастагӣ бо таассуби динӣ амалӣ гардонида, ба воситаи технологияи иттилоотии пешрафта паҳн мегардонанд.
Роҳбарони ин гурӯҳҳои ифротгаро фарзандони мову шуморо ба сафи худ ҷалб намуда, дар як лаҳза онҳоро ба террористи худкуш табдил додаву ҳадафҳои нопоки худро амалӣ месозанд.
Мо бояд нагузорем, ки номи фарзандони мо дар таърихи миллат ҳамчун «Террорист» сабт гардад.
Мо мардуми боақлу бофарҳанг бояд иттиҳодро пеша намоем, зеро муборизаи дастаҷамъонаи мо кафили оромии ҷомеа буда, нақшаҳои нохалафонаро барбод хоҳад дод.
Шарипов Тоҳир,
Сармутахассиси шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе