Бо ибтикори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара дар маҳаллаи Тухтақули шаҳри Исфара бо иштироки фаъолон, имомхатибон, аъзои оилаи муҳоҷирон, ки зиёда аз 80 нафар буданд, вохӯрӣ доир гардид.
Сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират Ахмедов Мустақим, дар рафти суҳбат ба сокинон, доир ба тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати номбурда, омодагӣ пеш аз сафар, бақайдгирӣ, ҳуҷҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди Сертификат оид ба донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар (тарзи супоридани имтиҳонҳо), доштани касби мувофиқ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, корти муҳоҷирӣ, дар қайди муҳоҷирӣ истодан, гирифтани Патент, тартиби дар қайди ҷойи истиқомат гузоштани шаҳрвандони хориҷа, тарзи бастани шартномаи меҳнатӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корфармо ва коргар фаҳмонида шуд.
Аз ҷумла, қайд карданд, ки дар ҳолати зарур набудан ба қаламрави Федератсияи Россия сафар накунанд, инчунин доир ба истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ якчанд дастур доданд, ки тариқи телефонҳои мобилӣ низ ба гурӯҳҳое, ки оиди дуруст ё нодуруст буданаш маълумот надоранд шинос нашаванд ва фирефтаи нафарони бадхоҳ ва душманони миллат нагарданд.
Чунин вохӯриву мулоқотҳо бо сокинони ҷамоату деҳоти шаҳри Исфара мунтазам баргузор хоҳад шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд