Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара якҷоя бо ҳамкории раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, бо мақсади бо корҳои доимию мавсимӣ таъмин намудан ва ба касбомӯзӣ фаро гирифтани аҳолӣ бо иштироки зиёда аз 300 нафар шаҳрвандон дар маркази шаҳр ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ баргузор намуданд.
Дар рафти ярмарка сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират Ахмедов Мустақим оид ба мӯҳтавои Паёми Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 28 декабри соли 2024 ироа гардида буд, доир ба масъалаҳои ҳалталаби рӯз:
оид ба рафти иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак” ва “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, вобаста ба масъалаҳои бо ҷойи кор таъмин намудани муҳоҷирони манъгашта дар ҶСК “НБО Роғун”, муҳоҷирати бехатар ва муқовимат ба савдои одамон, роҳ надодан ба ришвахӯрӣ ва дигар амалҳои коррупсионӣ, оид ба вазъи муҳоҷирони шаҳри Исфара, ки дар Федератсияи Россия фаъолияти меҳнатӣ доранд, инчунин дар бораи пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб ва мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм, хусусан дар муҳоҷират, суханронӣ намуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд