Гурӯҳи таблиғотӣ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара дар ҳайати муовини раиси шаҳри Исфара Бобоиён Мадина, сардорони шуъбаи Хадамоти муҳоҷират Ахмедов Мустақим, шуъбаи кор бо занон ва оила Асламӣ Фараҳноз, сардори Раесати маориф Атохонзода Ҳакима, нозири кор бо ноболиғон Дилшодзода Амина Дилшод дар Ҷамоати деҳоти Навгилем бо сокинон, раисони маҳаллаҳо, имомхатибон ва аъзои оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ мулоқот баргузор намуданд.
Масъулин зимни баромади худ нахуст доир ба муҳиммияти Паёми Сарвари давлат ҳамчун санади роҳанмо андешаронӣ намуданд.
Дар вохӯрӣ иброз шуд, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҳама самтҳо кишвари мо ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст, ки аксари онҳо зимни таҳлили амиқи Сарвари давлат дар Паёми навбатӣ зикр шуданд. Зикр шуд, ки ин вохӯрӣ дар робита ба иҷрои дастуру супориш ва вазифаҳое, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ баён доштанд, роҳандозӣ гардид.
Аз иштирокчиёни чорабинӣ даъват карда шуд, ки ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун «Паёми марҳилаи рушди мамлакат» назар андозанд.
«Иҷрои вазифаҳои гузошташуда ва бартараф намудани камбудию мушкилоти мавҷуда аз тамоми халқи Тоҷикистон ва дар навбати аввал, аъзои Ҳукумат, вакилони мардумӣ, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, хизматчиёни давлатӣ, аҳли зиё ва фаъолони ҷомеа заҳмату талоши боз ҳам бештар тақозо мекунад. Мо бояд мисли ҳамеша сарҷамъу муттаҳид бошем, Ватанамонро сидқан дӯст дорем, онро соҳибӣ кунем, ҳисси баланди миллӣ дошта бошем, аз тоҷик будани худ ифтихор намоем ва доим дар фикри фарзандони худ, хушбахтию осоиши онҳо, ободии Ватан, миллат ва давлати хеш бошем», — бо овардани ин иқтибос аз суханони Президенти Тоҷикистон ба ҳамоиш хотима бахшида шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд