Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар якҷоягӣ бо намояндаи РКҲФ ва МГ дар вилояти Суғд подполковник Сафолов О., оид ба муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 28 декабри соли 2024 ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, инчунин оиди мубориза бар зидди коррупсия ҳамчун зуҳуроти номатлуб андешаронӣ намуданд.
Коррупсия ва дигар амалҳои дорои хусусияти коррупсионӣ барои рушди иқтисодиёт ва некуаҳволии мардум, амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, суботу оромии ҳар як кишвар монеа эҷод меномояд, иброз дошт корманди бахши Хадамоти муҳоҷират.
Ҳамзамон, намояндаи РКҲФ ва МГ дар вилояти Суғд подполковник Сафолов О., бо муҳоҷиони экологии соли 2025 оиди будубош ва зиндагии кунунии онҳо дар маҳаллӣ хавфнок, баъди гирифтан заминҳои наздиҳавлигӣ аз маҳалли бехавф, ҳамзамон, оғоз намудани корҳои сохтмонии хонаҳои истиқоматӣ ва баъди ба итмом расонидани корҳои сохтмонӣ, шурӯъ ва идома додан ба як зиндагии ҷадид дар маҳаллӣ нави зисти онҳо, гуфтугӯ ва саволу ҷавоб доир гардид.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд