Имрӯзҳо амалҳои террористӣ ва экстремистӣ тамоми давлатҳои ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Ифротгароӣ аз ҷумлаи ҳодисаҳое мебошад, ки барои тинҷию амонӣ, амнияти миллӣ ва давлатдории ҳар як мамлакат ва барои тамоми ҷомеаи ҷавонон хатари ҷиддӣ меорад.
Ба ҳамагон равшан аст, ки гурӯҳҳои террористӣ барои анҷом додани амалҳои ноҷавонмардонаи худ ба мазҳабу дин такя мекунанд, ки дин ягон алоқамандӣ надорад, зеро террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад.
Муҳити ҷавонон бо хусусиятҳои иҷтимоии худ ва дарки муҳити атроф яке аз қисми ҳассоси ҷомеа ба ҳисоб меравад. Шаҳрвандони ҷавон сафи созмонҳои экстремистӣ ва террористиро зиёд менамоянд. Аксар вақт ҷавонон дар бораи заминаи идеологӣ доштани ин гурӯҳҳо ва ҳаракатҳои ифротӣ тасаввурот надоранд.
Амалҳои содирнамудаи террористон гувоҳи он аст, ки имрӯз ягон кишвари дунё аз хатарҳои террористӣ эмин нест. Терроризм, ки сарчашмаҳои идеологӣ ва сиёсӣ низ дорад, ҷинояти сангини зидди инсоният аст. Имрӯз террористон барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ аз ҳама роҳу восита истифода мекунанд.
Барои ин ҳам мо бояд ҳушёрӣ, зиракии сиёсӣ ва фарҳангии худро аз даст надиҳем. Зеро амалҳои зишти террористӣ, экстремистӣ барои ҷаҳони имрӯза таҳдиди воқеӣ эҷод менамояд.
Мо бояд ба вазъи Афғонистони ҳамсоя, Сурия, Ироқ, Либия, Яман ва мамлакатҳои дигар, ки ба харобазор мубаддал гаштаанду мардумаш гуреза шудаанд, нигарем, бо шукрона аз сулҳу ваҳдату субот барои пойдории оромӣ ва шукуфоии Ватани азизи худ – Тоҷикистон талош варзем.
Имрӯз мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва шомилшавии ноболиғон ва ҷавонон вазифаи дастаҷамъонаи тамоми шаҳрвандони кишвар ба шумор меравад. Бетарафӣ нисбат ба ин зуҳуроти номатлуб барои рушди минбаъдаи кишвар халали ҷиддӣ ворид намуда, ба ваҳдати миллӣ, истиқлоли давлатӣ ва бехатарии кишвар таҳдид менамояд.
Мо, зиёиён, ҳамеша бояд дар талоши он бошем, ки бо тамоми ҳастӣ марзу бум ва муваффақиятҳои бо мушкилии зиёд ба даст омадаро ҳифз кунем ва насли бонангу ор, худшиносу ватандўстро тарбия намоем.
Сафарзода Баҳодур, Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Темурмалик