Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Конибодом ҷиҳати пешгирии омилҳои номатлуби ҷомеа, пошхӯрии оилаҳои ҷавон, зӯроварӣ дар оила, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, инчунин дар мавриди эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, пос доштани фарҳангии миллӣ, омода намудани ҷавондухтарон ба ҳаёти мустақилона ва омӯзонидани онҳо бо ҳунарҳои мардумӣ, оид ба тағйироту иловаҳо ба Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», сафарбарии ҷавонон ба Сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷудошавии оилаҳои ҷавонон, ҷиноятсодиркунӣ байни ҷавонон, муқовимат ба савдои одамон, додани маълумот оид ба кортаъминкунӣ дар хориҷи кишвар, тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, омодагии пеш аз сафар, бақайдгирӣ, ҳуҷҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди Сертификат оид ба донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории Федератсияи Россия, тарзи супоридани имтиҳонҳо, гирифтани корти муҳоҷирӣ, дар қайди муваққатӣ истодан, гирифтани Патент, суҳбату вохӯрӣ анҷом дода шуд.
Вохӯрии мазкур дар толори маҷлисгоҳи Литсейи касбии саноати кишоварзӣ №18-и шаҳри Конибодом бо иштироки сармуҳаррири рӯзномаи маҳалли «Садои Конибодом» – Содиқов С., мудири шуъбаи рушди иҷтимои ва робита бо ҷомеа – Баҳодур М., мудири бахши Хадамоти муҳоҷират Фарзона Т., мудири бахши кор ба ҷавонон ва варзиш – Мақсудҷон Урунов ва дигарон иштирок ва суханронӣ намуда, ба саволҳои сокинон ҷавобҳои мушаххас доданд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд