Дар доираи нақша чорабиниҳои Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон мулоқоту вохӯрии гурӯҳи таблиғотии Раёсат ҷиҳати таблиғу ташвиқи дастовардҳои давраи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи Ватандустии шаҳрвандон”, пешгирии пошхӯрии оилаҳои ҷавон, гаравидани ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва пешгирии ҷинояти ноболиғон миёни сокинони Ҷамоати деҳоти Яккатут ва ҷамоати шаҳраки ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ иброз гардид, ки имрӯзҳо Ҳукумати мамлакат ҷиҳати боз ҳам баланд намудани савияи хонандагон тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст. Дар робита ба ин хотир фаро гирифтани ҷавонон ба донишҳои замонавӣ ва технологияи муосир ҳаргуна озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ доир мегардад. Бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ҳамаи моро зарур аст, ки фарзандонро дар руҳияи Ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ тарбия намоем. Дар баробари ин ҳама шароити мусоид, мутаасифона баъзе аз ҷавонони ноогоҳ аз ноэҳтиётӣ ва нофаҳмӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ пайваст мегарданд. Дар чунин шароити басо мураккабу печида мову Шуморо зарур аст, ки дар таълиму тарбияи фарзандон диққати ҷиддӣ зоҳир намуда, онҳоро дар руҳияи созандагӣ тарбият ва ҳидоят созем.
Дар рафти суҳбат ба сокинони ноҳияи аз ҷониби гурӯҳи таблиғотӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират, доир ба тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати номбурда, омодагӣ пеш аз сафар, бақайдгирӣ, ҳуҷҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди Сертификат оид ба донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар (тарзи супоридани имтиҳонҳо), доштани касби мувофиқ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, корти муҳоҷирӣ, дар қайди муҳоҷирӣ истодан, гирифтани Патент, тартиби дар қайди ҷойи истиқомат гузоштани шаҳрвандони хориҷа, тарзи бастани шартномаи меҳнатӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корфармо ва коргар фаҳмонида шуд.
Сипас, баромадкунандагон вобаста ба дастовардҳои давраи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи Ватандустии шаҳрвандон”, пешгирии пошхӯрии оилаҳои ҷавон баромад намуда, иброз намуд, ки Ваҳдату якдилӣ бо худшиносии миллӣ сахт маpбyт буда, тавассути таълиму таpбияи хуб ва донишу маъpифати баланд ба даст меояд. Худшиносӣ мақому манзалати инсонии хyдpо бо pешаҳои таъpихӣ, бо саpнавишти миллату халқи худ ва бо аҳли башаp даpк каpдан аст. Тоҷикон дар тӯли таърих ба дастовардҳои моддию маънавӣ, фитрати фарҳангофарин ва маърифатбунёди худ дар ҷаҳони мутамаддин ба дарёфти мақоми муаззам ва ифтихорангез ноил гардиданд.
Ҳамзамон, гуфта шуд, ки рисолати ҳар яки мову шумо ин нигоҳ доштани фазои тинҷу ороми Ватани азизамон буда, дар ин замина тарбия намудани насли наврас дар ҳисси худогоҳи ва ҳуввияти миллӣ вазифаи асосии ҳар яки мо ба ҳисоб меравад.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон