Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ҷаббор Расулов дар Ҷамоати деҳоти Ғулакандоз деҳаи Бахтовар вохӯрӣ бо сокинони деҳаҳо вобаста ба масъалаҳои муҳоҷирати бехатар, пешгирии ҳодисаҳои номатлуб байни занону ҷавонон, теророризму экстремизм ва рафти амалишавии Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муҳоҷират”, “Дар бораи танзим ва маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти барои таълиму тарбияи кӯдак” гузаронида шуд.
Кормандони бахши Хадамоти муҳоҷират оиди муаммоҳое, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ дучори муҳоҷирон мегардад, сухан ронда, муҳоҷирон ва аъзои оилаи онҳоро огоҳонид, ки ҳангоми сафар кардан ба давлатҳои хориҷӣ, бахусус ба Федератсияи Россия аз қонуну қоидаҳое, ки дар он давлат амал мекунад, воқиф буда, тартиби будубошро ва тартиби фаъолияти меҳнатиро риоя кунанд.
Аз ҷумла, доир ба фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба қаламрави Федератсияи Россия ворид мегарданд, оиди тағйиротҳои воридкардашуда ва шиносоӣ бо қонунҳои амалкунандаи ин кишвар сӯҳбату вохӯриҳо гузаронида шуда, ба саволҳои сокинон посухҳои қонеъкунанда гардонида шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд