Ба иқдоми Раиси шаҳр ҷиҳати ба “Шаҳри сабз” табдил додани пойтахт саҳм мегузорем
19 феврали соли равон бо ибтикори Хадамоти муҳоҷират дар ҳамбастагӣ бо Хадамоти назорат дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва МД “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон”-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аксияи ҷумҳуриявии ниҳолшинонӣ таҳти унвони “Сарсабзии Ватан – мароми мост!” дар маҳаллаи Қулпистаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ баргузор гардид.
Дар аксияи мазкур роҳбарият ва кормандони сохторҳои мазкур бо ҳисси баланди ватандӯстию меҳанпарастӣ иштирок намуда, саҳми хешро дар хуррамгардониву сабзкории пойтахти азизамон шаҳри Душанбе гузошта истодаанд.
Ин иқдоми муҳим ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати ба “Шаҳри сабз” табдил додани пойтахти азизамон шаҳри Душанбе саҳмгузорӣ дар сарсабзии Тоҷикистони биҳиштосо мебошад.
Ёдовар мешавем, ки иқдоми мазкур то аввали моҳи апрели соли ҷорӣ идома меёбад ва дар доираи ин тасмим теъдоди зиёди арчаҳои ҳамешасабз ва дарахтони дигар дар тамоми қаламрави кишвар аз ҷониби ташкилотҳои ҳизбӣ ва фаъолони ҳизб шинонида мешавад.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират