Бо ибтикори Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт якҷоя бо шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, бо мақсади бо ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ таъмин намудани ҷавонони бекор ва муҳоҷирони ба ватан бозгашта дар бозори марказии Ҷамоати деҳоти Ориён ярмаркаи хурди ҷойи холии корӣ ва вазифаҳои озод баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо фарогирии зиёда аз 300 нафар шаҳрвандон, инчунин, муҳоҷирони меҳнатии ба ватан бозгашта ва бо пешниҳоди 220 ҷойҳои холии корӣ дар 20 корхонаву ташкилотҳои ноҳия ва зиёда аз 6200 ҷойҳои холии корӣ дар ҶСК НБО «Роғун» гузаронида шуд.
Дар рафти чорабинӣ ва корҳои фаҳмондадиҳи ба 10 нафар шаҳрвандони корҷӯй роҳхати шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия дода шуда, 8 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ таъмин гаштанд.
Дар чорабинии мазкур аз тарафи намояндагони бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт байни иштирокчиён корҳои фаҳмондадиҳӣ оиди пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, муҳоҷирати бехатар, пешгирии савдои одамон гузаронида шуд.
Инчунин, қайд карда шуд, ки интихоби касб яке аз масъалаҳои муҳим мебошад ва бо кӯшишу меҳнат соҳиб шудан ба касбу ҳунар шахсро дар оянда соҳиби ҷойи кор намуда, зиндагиашро пеш мебарад. Ҳамчунин мавқеъгирӣ дар ҷомеа мусоидат менамояд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд