Дар доираи нақша чорабиниҳои бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Муминобод ҷиҳати таблиғу ташвиқи дастовардҳои давраи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи Ватандӯстии шаҳрвандон”, пешгирии пошхӯрии оилаҳои ҷавон, муҳоҷирати бехатар, гаравидани ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз миёни сокинони ноҳия мулоқоту вохӯрии судманд баргузор гардид.
Дар рафти чорабинӣ қайд карда шуд, ки имрӯзҳо Ҳукумати мамлакат ҷиҳати боз ҳам баланд намудани савияи хонандагон тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст. Дар робита ба ин ба хотири фаро гирифтани ҷавонон ба донишҳои замонавӣ ва технологияи муосир ҳаргуна озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ доир мегардад. Бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ҳаммаи моро зарур аст, ки фарзандонро дар руҳияи Ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ тарбия намоем. Дар баробари ин ҳама шароити мусоид, мутаасифона баъзе аз ҷавонони ноогоҳ аз беэҳтиётӣ ва нофаҳмӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ пайваст мегарданд. Дар чунин шароити басо мураккабу печида мову Шуморо зарур аст, ки дар таълуми тарбияи фарзандон диққати ҷиддӣ зоҳир намуда, онҳоро дар руҳияи созандагӣ тарбият ва ҳидоят созем.
Ҳамзамон, аз ҷониби намояндаи бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия дар рафти суҳбат, доир ба тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати номбурда, омодагӣ пеш аз сафар, бақайдгирӣ, ҳуҷҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди Сертификат оид ба донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар (тарзи супоридани имтиҳонҳо), доштани касби мувофиқ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, корти муҳоҷирӣ, дар қайди муҳоҷирӣ истодан, гирифтани Патент, тартиби дар қайди ҷойи истиқомат гузоштани шаҳрвандони хориҷа, тарзи бастани шартномаи меҳнатӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корфармо ва коргар фаҳмонида шуд.
Дар идомаи вохӯрӣ иброз гардид, ки ҳоло ки Тоҷикистонро ҷомеаи ҷаҳонӣ чун кишвари демократӣ, ҳуқуқбунёд ва озод эътироф кардааст, мо бояд мисли ангуштҳои як даст, шохобҳои як рӯд, гулҳои як боғ, фарзандони як модар амал намуда, дар эъмори давлати воқеан ҳам дунявӣ саҳми фаъол бигзорем ва танҳо бо номи миллат ифтихор кунем.
Инчунин, гуфта шуд, ки рисолати ҳар яки мову шумо ин нигоҳ доштани фазои тинҷу ороми Ватани азизамон буда, дар ин замина тарбия намудани насли наврас дар ҳисси худогоҳи ва ҳуввияти миллӣ вазифаи асосии ҳар яки мо ба ҳисоб меравад.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон