Дар маҳаллаҳои 8 ва 11 Ҷамоати деҳоти Баҳманруд суҳбату вохӯриҳо аз ҷониби гурӯҳи кории назди Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик бо фаъолон, сокинони ҷамоат, муҳоҷирони ба ватан бозгашта гузаронида шуд.
Зимни сӯҳбату вохӯрӣ, намояндагони гурӯҳи корӣ оид ба муҳиммияти нуктаҳои асосии Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва инчунин оиди тағйиру иловаҳо ба якчанд қонунҳои миллӣ аз қабили Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ва «Дар бораи танзим ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», тарғиби либосҳои миллӣ ва роҳ надодан ба фарҳанги либоспӯшии ғайр, муҳоҷирати бехатар баёни андеша намуданд.
Ҳамзамон, таъкид гардид, ки чунин мулоқотҳо бо сокинони Ҷамоати деҳоти Баҳманруд барои баланд бардоштани сатҳи маърифат ва фаҳмидани аҳамияти ҳуқуқӣ ва иҷтимоии қонунҳо муҳиманд. Иштирокдорони суҳбат афзалиятҳои қонунҳои дар боло зикр карда шударо муҳокима намуда, таъсири онҳо ба ҳаёти иҷтимоии сокинонро баррасӣ карданд.
Инчунин, дар рафти суҳбат аз ҷониби намояндаи бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Темурмалик ба сокинони ҷамоат, доир ба тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати номбурда, омодагӣ пеш аз сафар, бақайдгирӣ, ҳуҷҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди Сертификат оид ба донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар (тарзи супоридани имтиҳонҳо), доштани касби мувофиқ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, корти муҳоҷирӣ, дар қайди муҳоҷирӣ истодан, гирифтани Патент, тартиби дар қайди ҷойи истиқомат гузоштани шаҳрвандони хориҷа, тарзи бастани шартномаи меҳнатӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корфармо ва коргар фаҳмонида шуд.
Аз ҷумла, қайд карданд, ки дар ҳолати зарур набудан ба қаламрави Федератсияи Россия сафар накунанд, инчунин доир ба истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ якчанд дастур доданд, ки тариқи телефонҳои мобилӣ низ ба гурӯҳҳое, ки оиди дуруст ё нодуруст буданаш маълумот надоранд шинос нашаванд ва фирефтаи нафарони бадхоҳ ва душманони миллат нагарданд.
Вобаста ба ин, аз тамоми шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки ба миёнаравон муроҷиат накарда, танҳо ба намояндагиҳои расмии Тоҷикистон дар ватан ва Федератсияи Россия муроҷиат намоянд.
Бояд қайд кард, ки расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ ҷиҳати муайян намудани вазъи будубоши шаҳрвандон аз ҷониби намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ройгон мебошад.
Барои муайян намудани вазъи ҳуқуқии худ аз сомонаҳои расмии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон mehnat.tj, саҳифаи телеграм t.me/mlmert, Хадамоти муҳоҷират migration.tj, Намояндагии Вазорат дар ФР оид ба муҳоҷират prmstj@mail.ru истифода намоед.
Дар ҷараёни суҳбату вохӯриҳо, иштирокчиён иброз доштанд, ки пайваста гузаронидани чунин суҳбатҳо барои беҳтар кардани шуур ва иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар раванди рушди ҷомеа зарур аст.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон