Чихеле, ки ба ҳамагон маълум аст имрӯзҳо дар саросари давлатҳои дунё хатари терроризм ва экстремизм паҳн гашта истодааст, ки боиси харобию марги ҳазорон нафар аҳолии осоиштаи дунё мегардад. Террорист ва экстремист нафаре мебошад, ки дар дили ў раҳму шавқат, адлу инсоф, меҳри ватану миллат набуда баръакс нафраташ ба мардум, харобкорию қатлу куштор ҷой гирифтааст.
Барои террорист ва экстремист анҷом додани ҳодисаҳои ҳалокатбор, ки мафкураи онҳо ба мафкураи инсонӣ шабоҳат надошта баръакс ба даррандае, ки мехоҳад туъмаи сайди хеш намояд баробар буда, аз фазилатҳои инсонӣ дур монда ва дар роҳи зиндагӣ гумроҳгаштаро мемонад. Хар як амали террористие, ки дар ин ё он гўшаю канори дунё ба вуқуъ мепайвандад бо мададу дастгирии хоҷагони хориҷӣ амалӣ мегардад.
Мо сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон шукрона аз он мекунем, ки дар давлати тинҷу ором, зери ливои Истиқлолият умр ба сар мебарем, ки ҳамаи ин оромию осудагӣ, ваҳдату ягонагӣ бо талошу заҳматҳои шабонарўзии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст.
Рисолати ҳар як фарди ватандўсту худогоҳи Тоҷикистон ҳидоят намудани наврасону ҷавонон ба корҳои созандагию бунёдкорӣ, ободиву осоиштагӣ, пешгири намудани ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ мебошад. Бояд нагузорем, ки чашми бади бадхоҳони миллат ба суйи ватани маҳбуби мо во гардад. Нагузорем, ки нафаре ба мақому манзалати давлатдории мо халалдор ворид созад. Сулҳу ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем ва ба ояндагон мерос гузорем.
Ба навиштаву гуфтаҳои беасоси хоинони миллати тоҷик, ки мудом дар шабакаҳои интернетӣ нисбат ба давлату миллат, садо медиҳад бо далелҳои мушаххас ва суханҳои таъсирбахш вокуниш намоем. Дифо аз марзу бум, сарҳаду забон, муқаддасоти миллии кишвар бояд намуд.
Шукрона аз Сарвари миллатдӯст, сарсупурдаи миллат, ободгари давлат бояд намуд. Дастуру супоришхое, ки аз тарафи Пешвои миллат дода мешавад саривақт ва босифати баланд иҷро намоем. Пайравони Пешвои муаззами миллат бошем.
Шарипов Тоҳир, Сармутахассиси шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе