Кормандони масъули шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб дар “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб” ҷиҳати тақвият додани корҳои иттилоотию – фаҳмондадиҳӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ, вобаста ба муҳоҷиратӣ бехатар, пешгирии пайвастани муҳоҷирон ба сафҳои гурӯҳҳои ифродгароии динӣ, савдои одамон, бо кор таъмин намудани шаҳрвандон дар ширкатҳои ватанӣ, инчунин ҷалб намудани онҳо ба касбомӯзӣ, пайваста корбарӣ намуда истодаанд.
Дар рафти вохӯрӣ кормандони шуъбаи Хадамоти муҳоҷират вобаста ба риояи қонунгузории кишвари иқомат, расман фаъолият намудан ва ба имзо расонидани шартномаи меҳнатӣ бо корфармо, риояи техникаи бехатарӣ ҳангоми фаъолияти меҳнатӣ, танзими ҳуҷҷатҳои будубош, интихоби тарзи ҳаёти солим ва дигар масъалаҳои муҳим дар ин самтро ба самъи иштирокчиён вохӯрӣ расониданд.
Зикр гардид, ки фаъолияти қонунӣ дар кишвари иқомат барои ҳар шаҳрванди хориҷӣ кафолати меҳнатӣ дода, дар ҳолати сар задани ҳолатҳои нохуш дар истеҳсолот корфармо ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои он тадбирҳо меандешанд.
Таъкид гардид, ки муҳоҷирони меҳнатиро зарур аст, ки аз гурӯҳҳои манфиатҷу ва ифротгарову хурофотпараст дурӣ ҷуста, шабакаҳои иҷтимоиро самаранок истифода намуда, берун аз фаъолияти меҳнатӣ ба китохонаҳо, театрҳо ва осорхонаҳо, ки ба ҷаҳонбинии ҳар шаҳрванд замина мегузоранд рафта, ба омӯзиш машғул шаванд.
Иттилоъ дода шуд, ки Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 30 декабри соли 2024, №1126 ба тасвиб расидааст, ки шаҳрвандони хориҷие, ки дар кишвари иқомат бе ҳуҷҷати расмӣ фаъолият доранд, метавонанд дар асоси он то 30 апрели соли 2025 фаъолият ва ҳуҷҷатҳои будубошашонро тартиб дода, дар кишвари иқомат расман кору фаъолият намоянд.
Инчунин, ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида шуд, ки санаи 2 марти соли 2025 интихоботи вакилони Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, ки дар шаҳри Москва дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон участкаи интихоботӣ таъсис дода шудааст, ки иштироки ҳар шаҳрванд масъулият ва қарзи шаҳрвандӣ мебошад.
Аз ҷониби шаҳрвандон вобаста ба самти муҳоҷират саволҳо пешниҳод гардида, масъулин ба саволҳои пешниҳодгардида посухҳои мушаххас гардониданд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон