Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт якҷоя бо шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ мулоқоти судманд бо сокинон дар бозори марказии Ҷамоати шаҳраки Шайдон баргузор гардид.
Дар рафти чорабинии иттилоотӣ-маърифатӣ, дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии мамлакат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати тақвият бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо усули суҳбатҳои рӯ ба рӯ оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ, савдои одамон, муҳтавои Паём, пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ, муҳоҷирати бехатар, бегонапарастӣ ва пос доштани фарҳанги аҷдодии миллӣ ва қонунгузориҳои нави Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират, суханронӣ намуданд.
Инчунин, дар идомаи суҳбат возеъ ба саволҳои иштироккунандагон қайд карда шуд, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо мақсади анҷом додани фаъолияти меҳнатӣ ба қаламрави Федератсияи Россия ворид мешаванд, вазифадоранд дар давоми 30 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи ворид шудан ё ҳангоми муроҷиат барои гирифтани патент аз қайди ҳатмии давлатии изи ангушт, аксбардорӣ ва муоинаи тиббӣ гузаранд.
Чунин чорабиниҳои иттилоотӣ – маърифатӣ дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят, мунтазам баргузор хоҳад шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд