Яке аз мушкилотҳои имрўзае, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва Тоҷикистонро фаро гирфтааст, ин проблемаи коррупсия мебошад. Вобаста ба ин ва пешгирии омилҳои коррупсионӣ дар ҷомеа Ҳукумати мамлакат сол то сол чораҳои гуногуни қатъӣ меандешад. Махсусан, қабул гардидани як қатор санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқӣ ва ратификатсия намудани санадҳои байналхалқӣ дар самти муқовимат бо коррупсия далели ин гуфтаҳост.
Бояд қайд кард, ки ҳар як фарди ватандўст ва худогоҳ бояд аз ин зуҳуроти номатлуб худорӣ намояд. Боиси тазаккур аст, ки коррупсия кирдори номатлубест, ки пояи давлатро заиф гардонида, боиси паст гаштани сатҳи зиндагии мардум мегардад.
Коррупсия дар шароити ҳозира монеаи ҷиддӣ дар роҳи рушди иқтисодии давлат ва афзоиши самаранокии ниҳодҳои бозаргонӣ мебошад.
Дар натиҷаи содир гардидани кирдорҳои коррупсионӣ муносибатҳои ҷамъиятӣ вайрон гардида оқибатҳои нохушро бабор меоварад.
Бо ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон ҳамаи ин заминаҳо дар кишвар фароҳам оварда шуда, иштироки фаъоли тамоми шохаҳои ҳокимият ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб таъмин карда шудааст.
Инчунин, дар шуури ҷамъиятӣ тасаввурот дар бораи беҳимоягии шаҳрвандон дар назди ҷинояткорӣ ва мақомоти давлатӣ ташаккул меёбад, ки ин ба косташавии минбаъдаи қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ мегардад. Баъд аз соҳибистиқлол гаштан Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар душвориҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодию фарҳангӣ ба проблемаҳои коррупсия рӯ ба рӯ гардид. Мубориза ва муқовимат бо фасод ё худ коррупсия амали дастаҷамъона буда, набояд онро ба зиммаи танҳо мақомоти ваколатдори давлатӣ вогузор намуд. Ҷиҳати муқовимат ба ин падидаи номатлуб ва решакан намудани он борҳо роҳбарияти олии мамлакат таъкидҳои судманд намуда буданд.
Коррупсия бa гурӯҳи ҷиноятҳое дохил мешaвaд, ки бо мурури зaмон рушд ёфтa, содиршaвиaш бештaр бa вaзъи иқтисодии дaвлaт aлоқaмaндӣ дорaд. Дaр aсоси омӯзиши сaрчaшмaҳои илмӣ вa фикру aқидaҳои олимони соҳa бa хулосa омaдaн мумкин aст, ки якчaнд омилҳои мусоидaткунaндa бaрои содиршaвии aмaлҳои коррупсионӣ мaвҷуд мебошанд. Aз ҷумлa, пaст будaни сaтҳу фaҳмиши ҳуқуқии шaҳрвaндон нисбaти чунин ҳуқуқвaйронкунӣ дaр ҷомеa, риоя нaшудaни қонун вa тaртиботи ҳуқуқӣ, пaст будaни вaзъи иқтисодии ҷомеa, рaд нaмудaни принсипи мустaқилияти тaрaфҳо вa дaхолaт бa сaлоҳияти дигaр мaқомотҳо.
Чуноне, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карда буданд: “Коррупсия зуҳуроте номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад, барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам меорад ва дар маҷмӯъ, боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад”.
Аз ин лиҳоз, барои пешгирӣ кардани кирдорҳои коррупсионӣ, фароҳам овардани фазои оштинопазир ба он ва ба ин раванд ҷалб намудани тамоми мақомоти давлатӣ , воситаҳои ахбори омма ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҷониби субъектҳо мубориза бар зидди коррупсия бояд чораҷӯӣ карда шавад.
Маврид ба зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бa дaст овaрдaни Истиқлоли дaвлaтӣ вa тaшaббусҳои созaндaи Aсосгузори сулҳу вaҳдaти миллӣ – Пешвои миллaт, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтaрaм Эмомaлӣ Рaҳмон қaдaмҳои устувори худро дaр сaмти муборизa бо коррупсия гузоштa, бaрои пешгирӣ aз ин вaбои aср тaмоми зaминaҳои тaшкилию ҳуқуқиро фaроҳaм овaрдaaст.
Сулҳия Назарова,
Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт