Тибқи нақшаи муштараки сохторҳои дахлдори Мақомоти иҷроияи ҳокимяти давлатии шаҳри Левакант бо иштироки гурӯҳи тарғиботӣ дар Ҷамоати деҳотӣ Гулистон бо волидон, омӯзгорон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, мулоқоти судманд баргузор гардид.
Дар рафти он аъзои гурӯҳи тарғиботӣ оид ба муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, терроризму экстремизм, муҳоҷирати бехатар, таълимоти ғайрирасмии динӣ, ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии нашъамандӣ, истифодаи дурусти телефонҳои мобилӣ, номзадшавии бармаҳал, ба касбомӯзи фаро гирифтани занону духтарони хонашин, пешгирии зӯроварӣ дар оила, худкушӣ ба ҷони худ, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, тарғиби либоси миллӣ, роҳ надодан ба пӯшидани либоси ба фарҳанги мо бегона, пешгирии бемориҳои сироятӣ, рафти иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” , “Дар бораи танзим ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз, суханронӣ намуданд.
Аз ҷумла, намояндаи бахши Хадаморти муҳоҷират дар шаҳри Левакант, ба ҳозирин, доир ба тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати номбурда, омодагӣ пеш аз сафар, бақайдгирӣ, ҳуҷҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди Сертификат оид ба донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар (тарзи супоридани имтиҳонҳо), доштани касби мувофиқ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, корти муҳоҷирӣ, дар қайди муҳоҷирӣ истодан, гирифтани Патент, тартиби дар қайди ҷойи истиқомат гузоштани шаҳрвандони хориҷа, тарзи бастани шартномаи меҳнатӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корфармо ва коргар фаҳмонида шуд.
Ҳамзамон, таъкид гардид, ки шаҳрвандони мамлакат бояд дар мубориза бо терроризм ва экстремизм фаъол бошанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва барои ҳифзи амнияти миллӣ талош намоянд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон