Санаи 27-уми феврали соли равон дар толори ҲХДТ бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ва Раёсати Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмию амалӣ дар мавзуи “Раванди муҳоҷират ва таъсири он ба бозори меҳнат” бо иштироки муовини Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон Абдулназарзода Абдулназар Абдулқодир ва ширкати роҳбарони идораҳои дахлдор ва ташкилотҳои байналмилаливу ҷамъиятӣ баргузор гардид.
Директори Институти илмҳои гуманитарӣ, д.и.фил. Қаландариён Ҳоким Сафар сараввал муовини Раиси ВМКБ Абдулназарзода Абдулназарро барои ширкат дар конференсияе, ки ба масъалаи басо муҳим ва актуалӣ – раванди муҳоҷират ва таъсири он ба бозори меҳнат бахшида шудааст, хайра мақдам гуфта, ба муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ВМКБ Мирзонабот Алишер Худобердӣ барои зери таваҷҷуҳи ҳамешагӣ қарор додани фаъолияти олимон ва ҳалли мушкилоти илмӣ ва барои пиёда намудани сиёсати илмпарваронаи Пешвои соҳибзаковату соҳибфаросати миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипоси самимиамонро баён намуданд.
Сипас, муовини Раиси ВМКБ Абдулназарзода Абдулназар Абдулқодир ҳозиринро аз номи Раиси ВМКБ Мизонабот Алишер Худобердӣ хайр мақдам гуфта, оиди масоили равандҳои мухталифи муҳоҷират, хусусиятҳои хосу таъсиррасонии онҳо ба бозори меҳнати ВМКБ нуктаи назари хешро баён намуданд.
Дар фарҷоми Конференсия аз ҷониби иштирокчиён: Каниев Мулкамон – сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ВМКБ, Қозидавлатзода Зайнулараб – сардори шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ, Мирзоқандов Аминҷон – Сарвари Раёсати маорифи ВМКБ ва дигар иштирокдорон низ вобаста ба ин масъала баромад намуданд.
Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ВМКБ