Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Айнӣ дар деҳаи Вашани Ҷамоати деҳоти Урметан вохӯрии навбатӣ бо муҳоҷирони меҳнатии ба ватан бозгашта баргузор гардид.
Дар рафти вохӯри мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия Ғайбуллоев Б., вобаста ба риояи қонунгузории кишвари иқомат, расман фаъолият намудан ва ба имзо расонидани шартномаи меҳнатӣ бо корфармо, риояи техникаи бехатарӣ ҳангоми фаъолияти меҳнатӣ, танзими ҳуҷҷатҳои будубош, интихоби тарзи ҳаёти солим ва дигар масъалаҳои муҳим дар ин самтро ба самъи иштирокчиёни вохӯрӣ расонид.
Зикр гардид, ки фаъолияти қонунӣ дар кишвари иқомат барои ҳар шаҳрванди хориҷӣ кафолати меҳнатӣ дода, дар ҳолати сар задани ҳолатҳои нохуш дар истеҳсолот корфармо ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои он тадбирҳо меандешанд.
Таъкид гардид, ки муҳоҷирони меҳнатиро зарур аст, ки аз гурӯҳҳои манфиатҷу ва ифротгарову хурофотпараст дурӣ ҷуста, шабакаҳои иҷтимоиро самаранок истифода намуда, берун аз фаъолияти меҳнатӣ ба китохонаҳо, театрҳо ва осорхонаҳо, ки ба ҷаҳонбинии ҳар шаҳрванд замина мегузоранд рафта, ба омӯзиш машғул шаванд.
Иттилоъ дода шуд, ки Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 30 декабри соли 2024, №1126 ба тасвиб расидааст, ки шаҳрвандони хориҷие, ки дар кишвари иқомат бе ҳуҷҷати расмӣ фаъолият доранд, метавонанд дар асоси он то 30 апрели соли 2025 фаъолият ва ҳуҷҷатҳои будубошашонро тартиб дода, дар кишвари иқомат расман кору фаъолият намоянд.
Дар ин замина, аз сокинони ноҳия даъват ба амал оварда шуд, ки аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротгароии динӣ, террористиву экстремистӣ дурӣ ҷуста, берун аз фаъолияти меҳнатӣ ба омӯзиши касбу ҳунар ва илмҳои замонавӣ машғул шаванд.
Дар сурати гирифтор шудан ба ҳар гуна мушкилӣ ба ҳамагон тавсия дода шуд, ки дар ҳолати рӯ ба рӯ шудан ба чунин ҳолатҳои номатлуб ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Сафорату Консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия муроҷиат намоянд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд