Бе ту бошам ман гадое, бо ҳама дороиям,
Эй ба мулки меҳру шавқат подшоҳам модарам.
Баҳори ту хазон мабод эй биҳишти ман,
Ба дасти дигарон мабод сарнавишти ман.
Азизу беҳтарини ман, модари ман,
Биҳишти дар замини ман, модари ман
Рӯзи байналхалқии занон дар аввал, Рӯзи мубориза бар зидди беҳуқуқии занон буд. Он на Иди бонувон, балки ҷашни занони инқилобгар ном дошт.
8-уми марти соли 1857 дар Ню-Йорк коргарзанони фабрикаҳои пойафзол ва дузандагӣ гирдиҳамои карданд. Онҳо даъвои кӯтоҳ кардани рӯзи корӣ, беҳтар кардани шароити меҳнат ва маоши ба мардон баробарро карданд. Он солҳо занон дар як шабонарӯз то 16 соат меҳнат мекарданд, вале музди ночиз мегирифтанд.Таърихи ҷашшнгирии Иди занон бо номи Клара Сеткин алоқаманд буда, гурӯҳи инқилобии худро, ки аз занон иборат буд, барои мубориза бар зидди истисморгарон ташкил карда буд.
Аз соли 1975 Созмони Милали Муттаҳид, аз сабаби Соли байналхалқии Занон буданаш, 8-уми мартро чун Рӯзи байналхалқии занон эълон намуд. Рӯзи 8-уми мартро ҳамчун санади эҳтиром ба ҳамон ҷашнвораи миллии ниёгони шарафманди мо “Рӯзи Модар” эълон намуданд. Тадбири мазкур аз сӯи дигар бар он ишорат мекунад, ки дар низоми сиёсати давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон низ беҳтарин анъана ва суннатҳои фарҳангии қадимаи миллии мо мавриди татбиқ қарор гирифтааст.
Рисолати аслии зани тоҷик сабурии ӯст. Зан-модари тоҷик заҳматкашу меҳнатқарин буду ҳаст ва мемонад. Модар барои ҳар як шахс азизу муқаддастар аз ҳама мавҷудоти рӯи олам аст. Ҳар чи ки дар рӯи замин дорем, ҳатто ҷони азизи худро лозим шавад, тайёрем барояш фидо созем.Модарон арзандаи ҳамагуна эҳтирому дустдорианд. Зеро меҳрубонтарин инсонҳои рӯи оламанд ва фарзандро дар ҳама ҳолат дастгиранду дилсӯзу бахшанда.
Модар – калимае мебошад, ки ҳамагӣ аз панҷ ҳарф таркиб ёфтааст. Вале дар мазмуну муҳтавои он як ҷаҳон маънӣ, шукуҳу шаҳомат нуҳуфта аст, ки дар тасвирашон садҳо достону романҳо офарида ва ғазалу таронаҳо сароида шудаанд.
Бузургии Зан-Модар пеш аз ҳама дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва ба камолрасонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад.
Дар фарҷоми суханҳои худ, тамоми бонувони тоҷик, модарони олиҳаҳусну фариштасиришт ва тамоми хоҳарони азизу меҳрубонро табрик гуфта, баҳри онҳо тамоми хушиҳои зиндагиро таманно дорам. Орзуманди онам, ки ҳамеша ханда дар лабони тамоми бонувони тоҷик ҳувайдо бошад.
Ғайбуллоев Баҳрулло,
Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Айнӣ