Модар қиматтарин неъмати дунё, сарчашмаи муҳаббати беканор, ҳимматбаландтарин шахси башарият аст. Маҳз меҳри бепоён ва навозиши гарми модар моро ба оламу одам ошно сохтааст. Заҳмати шабонарӯзӣ, бедорхобӣ, пурбардории ӯ танҳо ба худаш хос буда, касро ба ҳайрат меорад.
Як шаба он ранҷ, ки модар кашид,
Бо ду ҷаҳонаш натавон баркашид.
Мо дар канори модар бо олами рангини кӯдакӣ ба воя мерасему аз ӯ дарси одамгарию ватандӯстиро меомӯзем. Канори модар худ мактаби аввалини ҳаёти мост. Ба зери болини кӯдак, китоб ё муқаддасоти дигар, рамзи худро дорад. Модар мехоҳад, ки тифлаш бе нуқс сабзида мададгори даврони пирӣ гардад. Оре, модар мисли замин танҳо ва яктост. Ба ин маънӣ Лоиқ гуфтааст;
Ту монанди замин танҳои модар,
Ту монанди замин яктоӣ модар,
Инсон баъд аз раҳо гаштан аз оғуши гарми модар қиммати ӯро хубтар дарк мекунад. Зеро мисли канори модар биҳиштосо макони дигаре нест.
Тифлию домони модар хуш биҳиште будааст,
То ба пойи худ равон гаштем, саргардон шудем.
Модар дар ҳама ҳолат чи ҳозиру ғоиб пайваста дар ёди фарзанд аст. Оромиву сиҳатӣ ва хушгуфтории фарзандро дида, меболад. Аҷаб дунёи рангину зебо дорад, модар.Мутаассифона, на ҳама вақт ба иззати ин ганҷи қиммат расида метавонем. Гоҳ дар дарёи пуршури ҷавонӣ ишқу ҳавас заврақ меронему модарро фаромӯш месозем. Аммо баъд аз кирдори худ пушаймон гашта ӯро намеёбем. Аз даст рафтани модар барои фарзанд фоҷиаи хеле гарон аст.
Модар, модар каси баҳиммат бошад,
Дидори шарифи ӯ ғанимат бошад.
Бешубҳа, такя дар паҳлӯи модар, хоб дар зонуи модар шоҳбайти китоби хотираҳои зиндагист.
Такя дар паҳлуи модарҷон, ғанимат будааст,
Хоб дар зонуи модарҷон, ғанимат будааст.
Оре. давлати фарзанд модар аст. Образи ин шахсияти нотакрор дар адабиёт мақоми хоса дорад. Шоирон симои воқеии ӯро бо сухан нишон дода, то моҳ номашро баровардаанд. Бе муҳобот, модар ба чунин қадрдонӣ сазовор аст. Зиндагӣ худ шеър аст, ки бо аллаи модар ибтидо гирифта, бо номи он хотима меёбад. Ана ҳамин бузургиву шаҳомати ӯро ба назар гирифта, модарро тимсоли Ватан медонанд. Ҳар фарзанде, ки қиммати модарро донад бо дуояш хушбахту шуҳратёр мегардад.
Сад ҷону дил фидои як муддаои модар,
Фатҳу кушоиш орад дасту дуои модар.
Ҳама олимону шоирон, ҳунармандону косибон парвардаи боғи муаттари дунёи ҳавасҳои модаранд. Аз ин рӯ, ҳар кас бояд қадри ин ганҷи бебаҳоро донад. Байти зебои Лоиқ чароғи равшани олами гуфтаҳои мост.
Аз сатвату зи шуҳрат гар ба фалак занам сар,
Таъзим мекунам боз дар пеши пои модар.
Зиҳӣ, модар, бо чунин қудрату матонат, эҳсону ҷасорат ва меҳру садоқати беканор, ки бузургони олам пешат сар фуруд меоранд…
Шарипова У,
Мутахассиси пешбари бахши муҳоҷирати экологии Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе