Кормандони масъули шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд вобаста ба вазъи омаду рафти муҳоҷирони меҳнатӣ ба Федератсияи Россия дар терминали мусофиркашонии роҳи “Абрешим”-и шаҳри Хуҷанд бо муҳоҷирони меҳнатие, ки ба Федератсияи Россия шаҳри Екатеринбург тавассути нақлиёт сафар доранд, корҳои иттилоотӣ-маърифатӣ баргузор намуданд.
Дар рафти суҳбат бо шаҳрвандон, доир ба зарурати фаъолият дар доираи қонунгузории кишвари иқомат, фаъолияти меҳнатии қонунӣ ва риояи техникаи бехатарӣ ҳангоми фаъолияти меҳнатӣ фаҳмонида шуд.
Зикр гардид, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба самтҳои фаъолияти меҳнатӣ дар кишвари иқомат метавонанд ба Намояндагӣ ҷиҳати гирифтани тавсия ва машваратҳои ҳуқуқии ройгон муроҷиат намоянд.
Иттилоъ дода шуд, ки Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 30 декабри соли 2024, № 1126 барои қонунигардонии шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави кишвари иқомат шароит фароҳам оварда, муҳоҷирони меҳнатие, ки ғайриқонунӣ дар кишвари иқомат будубош менамоянд, метавонанд, ки фаъолияти худро расмӣ намоянд.
Ҳамзамон, зимни вохӯрӣ вобаста ба тарбияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллии ҷавонон, гиромӣ доштани арзишҳои милливу фарҳангӣ, арҷгузорӣ ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон суханронӣ намуда, даъват ба амал оварда шуд, ки аз шомилшавӣ ба гуруҳҳои ифротгарои динӣ ва экстремистиву террористӣ худдорӣ намоянд.
Дар охир, оид ба тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, ҷиҳати будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати қабулкунанда, омодагӣ пеш аз сафар, бақайдгирӣ, ҳуҷҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди Сертификат оид ба донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар (тарзи супоридани имтиҳонҳо), доштани касби мувофиқ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, корти муҳоҷирӣ, дар қайди муҳоҷирӣ истодан, ёрии тиббӣ расонидан ба шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Федератсияи Россия, гирифтани Патент, тартиб додани шартномаи меҳнатӣ, танҳо бо шиносномаи хориҷӣ ворид шудан, дар алоҳидагӣ иброз намуданд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд