Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тамоми ақлу ҳуш гӯш карда, ба фардои ободу озоди кишвари азизамон Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвари дурбину адолатпарвар – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон итминони комил ҳосил намудам. Фикр мекунам, ки на фақат ба ман, балки ба тамоми мардуми Тоҷикистон Паёми имсолаи Раҳбари давлатамон қуввати дил гардид. Зеро Паёми Президенти кишвар суханронии марҳилавӣ ва барномавие мебошад, ки дар муаррифии самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар, вазъият ва рушду дастоварду фаъолияти давлат ё амалкарди нерўи роҳбарикунандаи давлат дар марҳилаи муайян ва ҳадафу вазифаҳои нави он барои марҳилаи баъдиро ифода мекунад.
Он ҳамчун муҳимтарин суханронии иттилоотию ҷамъбастӣ ва дар айни замон, усулию самт муайянкунандаи Роҳбари давлат бо тартибу ташрифоти махсус дар назди мардум ва намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа шуда, талабот ва рўйдоди муҳими давлатию сиёсӣ ба ҳисоб меравад.
Соҳаҳое, ки дар Паёми Сарвари кишвар ҳаллу фасл меёбанд, бешак, аз соҳаҳои афзалиятноку муҳими хоҷагии халқ маҳсуб меёбад. Аз ҷумла, соҳаи маориф ва илм, ки соҳаи калидӣ ном бурда мешавад, ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати кишвар қарор гирифтааст. Чӣ тавре ки Президенти кишвар махсус таъкид доштанд, рушди маориф бо пешрафти соҳаи илм пайванди ногусастанӣ дорад ва ёдовар шуданд, ки соли 2024-ум бо аҳли илм ва маорифи кишвар ду маротиба мулоқот карда, мушкилот ва дурнамои соҳаро ҳаматарафа таҳлилу баррасӣ намуданд ва барои ислоҳи вазъ дастуру супоришҳои қатъӣ доданд.
Мусаллам аст, ки ҷаҳон пеш меравад ва инсоният низ вобаста ба ин талабот таѓйир меёбад, касбҳои гуногун арзи ҳастӣ мекунанд ва бархеи ихтисосҳо аз байн мераванд. Дар чунин вазъият олимону мутахассисони соҳа чораҳои зарурӣ андешида, вобаста ба талаботи бозори ҷаҳонии меҳнат ихтисосҳои нав ва заруриро рўи кор меоранд. Новобаста ба ихтисосе, ки имрўз ҷавонон ба онҳо майл доранду меомўзанд, забондонӣ дар мадди аввал меистад, ки ин навбат низ дар Паёми хеш Сарвари муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин нуктаро таъкид намуданд. Зикр шуд, ки дар шароити рушди босуботи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва вусъат ёфтани ҳамгироии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ талабот ба мутахассисоне, ки сатҳи касбияти баланд дошта, забонҳои хориҷӣ, махсусан, русӣ ва англисиро хуб медонанд, рӯз ба рӯз меафзояд. Бинобар ин, зарур аст, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз зинаи таҳсилоти томактабӣ ба роҳ монда шавад.
Аз ин хотир, Вазорати маориф ва илми кишварро вазифадор карданд, ки ҷиҳати таҷдиди назар намудани стандартҳо ва нақшаву барномаҳои таълимӣ, ворид намудани воҳидҳои нави кории омӯзгорони забонҳои хориҷӣ, таҳияи маводи муосири таълимӣ, истифодаи босамари технологияҳои рақамӣ, усулҳои навини омӯзиши забон ва такмили маҳорати касбии омӯзгорон чораҳои қатъӣ андешад.
Ба таъкиди Сарвари давлат: «Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки ҳамаи пешравию пирӯзии ҳар давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунад».
Аз ин лиҳоз, Пешвои миллат дар назди Ҳукумати мамлакат, роҳбарони Вазорати маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо, Академияи таҳсилот ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ вазифа гузоштанд, ки доир ба ин масъалаҳо тадбирҳои муассир андешида, рушди босуботу устувори муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро дар солҳои наздик таъмин намоянд.
Дар бахши хулосавии Паёмашон Сарвари давлат чун лидери сиёсию миллӣ бо рӯҳияи баланди давлатдорӣ фармуданд: «Мо вазифадорем, ки ба хотири пешрафти давлати соҳибистиқлоламон, ободии Ватани аҷдодиамон ва мунтазам беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии ҳар хонадони мардуми шарафманди Тоҷикистон ҳар рўз ва ҳамеша саъю талош намоем. Мо бояд мисли ҳамеша сарҷамъу муттаҳид бошем, Ватанамонро сидқан дўст дорем, онро соҳибӣ кунем, ҳисси баланди миллӣ дошта бошем, аз тоҷик будани худ ифтихор намоем ва доим дар фикри фарзандони худ, хушбахтиву осоиши онҳо, ободии Ватан, миллат ва давлати хеш бошем. Ман ба ояндаи дурахшони Тоҷикистони маҳбубамон эътимоди комил дорам. Зеро ба иттиҳоду сарҷамъӣ, ваҳдати миллӣ, ватандўстиву ватанпарастӣ ва саъю талоши хастагинопазири ҳар фарди ҷомеа эътимоду итминон дорам.
Хуб медонам, ки мо бо чунин мардуми ватандўсту заҳматкаш тамоми нияту нақшаҳои некамонро дар солҳои наздиктарин амалӣ мегардонем ва Тоҷикистони азизамонро ба як кишвари пешрафтаву неруманд ва ободу сарсабз табдил медиҳем».Дарвоқеъ, он чӣ ки дар қолаби Паём, чун як барнома-стратегияи давлатӣ аз ҷониби Сарвари давлат ироа гардид, мардуми шарифи Тоҷикистони азизро муваззаф месозад, ки дар роҳи рушду тавсеаи иқтисоди ватанӣ, ҳифзи манофеи миллӣ, устувории давлати дунявӣ ва пойдории ваҳдати мардумию суботи сиёсӣ қадамҳои устувор бардорем ва бо ташаббусу ибтикороти рӯзмарраи хеш то ба сатҳи зиндагии боз ҳам арзандаю шоиста бирасем.
Хайридинзода Исфандиёр,
Сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон