Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Анҷумани ХV ҲХДТ санаи 18 декабри соли 2024 ва зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 28 декабри соли 2024 баён доштанд, вобаста ба беҳтар намудани корҳои таблиғотӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва ҳисси миллӣ, худшиносию ватанпарастии наврасону ҷавонон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, аз ҷумла муқовимат ба экстремизм ва терроризм, амалҳои коррупсионӣ, майзадагӣ, нашъамандӣ, никоҳи бармаҳал, ҷудошавии оилаҳои ҷавон, худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, эҳтиром ба фарҳанг ва сару либоси миллӣ, таъмини фазои одобу ахлоқи ҳамида дар ҷомеа, тақвият бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ, мулоқоти судманд бо сокинони ноҳияи Фархор бо ҷалби намояндагони қишрҳои гуногун баргузор карда шуд.
Ҳангоми суханронӣ ба мавзўъҳои ифтихори ватандорӣ, моҳияти истиқлолу озодӣ, моҳияти Истиқлоли давлатӣ, ҷойгоҳи бузурги Истиқлоли давлатӣ дар сарнавишти миллати тоҷик, зарурати ҳифзи Истиқлоли давлатӣ ва марзу буми кишвар, аҳамияти дастовардҳои беназири мамлакат дар солҳои соҳибистиқлолӣ, ташаббусҳои сатҳи байналмилалии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои марбут ба истиқлолу озодӣ дахл карда шуд.
Гузашта аз ин, дар мулоқот ба масъалаҳои баланд бардоштани тафаккури сиёсии шаҳрвандон, баланд бардоштани эҳсоси масъулияти давлатсозии шаҳрвандон, таҳлили нуктаҳои асосии Паём, ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва таҳкими ягонагии миллат, афзалиятҳои кор дар замин ва таъмини амнияти озуқаворӣ, фаҳмонидани маънии аслии дин, пешгирӣ аз таълимоти ғайрирасмии динӣ, ҷалби мардум ба корҳои хайру савоб, ҳадафҳои неку созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, риояи ҳатмии қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” ва “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ба касбомӯзӣ фаро гирифтани занону духтарони хонашин, ҷалби ҷавонон ба варзиш ва дигар масъалаҳои ҷорӣ эътибори хоса дода шуд.
Дар охир ба саволу дархостҳои сокинон посухҳои қонеъкунанда манзур карда шуданд. Мулоқоту вохӯриҳо дар ин самт идома доранд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон