Бо ташаббуси бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Айнӣ дар ҳамкорӣ бо шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ вохӯрии судманд бо муҳоҷирони ба ватан бозгашта ва аъзои оилаи онҳо баргузор гардид.
Дар вохӯри мудири бахши Хадамоти муҳоҷират Ғайбуллоев Баҳрулло, вобаста ба самтҳои фаъолияти меҳнатӣ дар кишвари иқомат, қайд намуд, ки шаҳрвандони ҷумҳурӣ метавонанд ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират ҷиҳати гирифтани тавсия ва машваратҳои ҳуқуқии ройгон муроҷиат намоянд.
Ҳамзамон, иттилоъ дода шуд, ки Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 30 декабри соли 2024, № 1126 барои қонунигардонии шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави кишвари иқомат шароит фароҳам оварда, муҳоҷирони меҳнатие, ки ғайриқонунӣ дар кишвари иқомат будубош менамоянд, метавонанд, ки фаъолияти худро расмӣ намоянд.
Инчунин, зимни вохӯрӣ вобаста ба тарбияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллии ҷавонон, гиромӣ доштани арзишҳои милливу фарҳангӣ, арҷгузорӣ ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон суханронӣ намуда, даъват ба амал оварда шуд, ки аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ худдорӣ намоянд.
Ба иштиркодорони вохӯрӣ тавсия дода шуд, ки дар ҳолати рӯ ба рӯ шудан ба ҳар гуна ҳолатҳои номатлуб ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, Сафорат ва Консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари Россия муроҷиат намоянд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд