Тибқи нақшаи тасдиқнамудаи раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд бо иштироки намояндагони Раёсат дар ҳайати мудири бахши муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ, сармутахассис ва мутахассиси пешбари шуъбаи муҳоҷирати меҳнатии Раёсат дар ноҳияи Зафаробод бо шаҳрвандон, раисони маҳаллаҳо, вакилони тозаинтихоби ҷамоатҳо ва фаъолон мулоқоти судманд баргузор карда шуд.
Чорабиниро муовини раиси ноҳия Шарифзода Туйғун кушода, меҳмононро хайрамақдам намуд ва мақсади гузаронидани чорабиниро ба аҳли нишаст расонид. Пас аз он сухан ба мудири бахши муҳоҷирати дохилӣ ва экологии Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд Зоҳидов Ҳусейнҷон дода шуд, номбурда доир ба навовариҳо дар қонунҳои амалкунандаи Федератсияи Россия ибрози андеша намуда, қайд карда шуд, ки шурӯъ аз 1 январи 2025 Қоидаи 90/365 амали худро оғоз намудааст дар асоси ин Қарори 90/180 амал карда шуд ва муҳлати 180 шабонаруз ба 365, яъне соли тақвимӣ иваз карда шудааст.
Мутобиқи ин Қоида ҳар як шаҳрванди хориҷие, ки пас аз 1 январи соли 2025 ба Федератсияи Россия бе раводид ворид мешавад ва Патент ё Иҷозат барои истиқомати муваққатӣ (РВП) ё иҷозати доимӣ (ВНҶ )ба даст намеорад, метавонад аз рӯзи воридшавӣ ба Федератсияи Россия дар муддати соли тақвимӣ танҳо 90 шабонарӯз будубош намояд. Пеш аз ба итмом расидани 90 шабонарӯз шаҳрванди хориҷӣ ҳатман бояд убури сарҳад намояд ва то ба охир расидани соли тақвимӣ, яъне 31 декабр ҳуқуқи дубора ба Федератсияи Россия ворид шуданро надорад.
Сипас, сармутахассиси Раёсат Ҷамолов Рустамҷон доир ба мавзуъҳои муқовимат бо коррупсия ва терроризм экстремизм суханронӣ намуда, қайд намуд, ки экстремизм – аз калимаи франсузӣ «extermisme» ва лотинӣ «extermus» гирифта шуда маънои аслияш ифротгароии тундравӣ фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона якравона аз ҳад гузаштан аз андоза гузаштан буда, экстремист шахсиятест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои тундравию якравӣ аст. Экстремизм шахсро ба сӯи содир намудани ҷиноятҳои марбут ба терроризм мебарад. Ба ақидаи аксари муҳаққиқон, ҳуқуқшиносон, сиёсатшиносон, рӯзноманигорон экстремизм бештар дар соҳаҳои дин дучор мегардад ва ин падида дар тамоми гӯшаю канори сайёраи мо ба амал меояд.
Дар охир аз ҷониби масъулини Раёсат ба саволҳои иштирокдорон посухҳои қонеъкунанда дода шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд