Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳишмандонро барои кор дар Арабистони Саудӣ барои соли 2025 даъват менамояд:
Самти корӣ хизматрасон буда раводиди кории 2 сола, ҷойи хоб, се вақт хӯрок ва чиптаи ҳавопаймо (билет) аз ҷониби корфармо дода мешавад.
1. Сину сол аз 21 то 35 сола;
2. Донистани забони англисӣ ҳатми мебошад.
3. Музди меҳнат 2500 риёл, (700 доллар);
4. Надоштани доғи судӣ;
Хоҳишмандон метавонанд ба Муассиси давлатии “Марказҳои машварати ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе воқеъ дар суроғаи ш. Душанбе, н. Шоҳмансур, куч. С. Айнӣ 121, муроҷиат намоянд. Телефон барои маълумот: 225-05-75; 225-02-21
Эҳзо: Аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки маълумотнома дар бораи фаъолият ва малакаву маҳорати худро (Сиви-CV) бо худ гиранд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират